Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишти кукнор дар Афғонистон



Раҳматкарими Давлат

Бахши панҷуми силсилагуфтори "Тоҷикистон сангари мубориза бо маводи мухаддир"

Ҳоҷӣ Умрон, як сокини шаҳраки Баҳористон дар шимоли Афғонистон аз падараш заминҳои зиёде ба мерос гирифтааст. Ба тахмини худаш, вусъати майдони киштзораш то 5 гектар мерасад. У дар ин заминҳо акнун гандум, ҷав ва мош кишт карда ва як қисмати ин заминҳо низ боғи себ аст. Ва мегуяд, ин танҳо манбаи таъмини маишати хонаводааш мебошад. Аз у мепурсам, ки кукнор дар чӣ гуна замин кишт мешавад. Ана дар ҳамин замин дар гузашта кукнор кишт шуда буд, мегуяд вай ва ин ба тасаввури ман намегунҷад. Замине ба паҳнои беҳудуд, он ҳам дар сари роҳе, ки мардуми як вилоят аз он убур мекунад.

Ҳоҷӣ Умрон мегуяд, у ихтиёран аз кишти кукнор даст кашида ва бидуни он кӣ касе ба у фишор оварда бошад. Заминҳои дар масири роҳи Баҳорак ва Ҷурм ба ҳамин тартиб акнун дигар майдони кишти кукнор нестанд. Агар кукнор мебуд, мисли лолазор дар фасли баҳорон бисёр хуб намуд медод, мегуяд роҳбалади мо. Давлат ҷилави кишти кукнорро гирифт. Дигар иҷоза нест, ки кукнор кишт шавад. Аммо бо ин ҳама вуҷуд омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки давлат натавонистааст, майдони кишти кукнорро ба ҳадди қобили мулоҳизае коҳиш диҳад.

Абдулҳай Илоҳӣ - масъули Камисиюни мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон - мегуяд, ба тамоми талошҳое, ки давлат ва созмонҳо ба харҷ додаанд, тавонистаанд, танҳо ин майдонро то 25 дарсад камтар кунанд. Аммо мегуяд у, кишти хашхош камоком дар 55 ҳазор гектор замин сурат гирифтааст: "Имсол ба таври кутоҳмуддат барои маҳви кишти кукнор як ҳайъати олирутба муввазаф шуд, ва бо вуҷуди ки як идда мушкилоти техникӣ ҳам дошт, 25 дар сади кишти кукнор тахриб шуд. Мо дар робита ба аз байн бурдани кишти кукнор барномаҳои миллӣ ҳам дорем ва дар се меҳвари ҷанубу ғарби Афғонистон, шарқи Афғонистон ва шимоли кишвар, ки маҳҳалҳои аслии кишти хашхош аст, як силсила барномаҳои таҷрибавӣ дорем."

Аммо мегуяд оқои Илоҳӣ, тактики истифодашуда то кунун, аз ҷумла таблиғот дар ҷилавгирӣ аз кишти кукнор муассир воқеъ нашудааст. Ба изофаи он, созмонҳои хориҷие, ки мехоҳанд, бо маводи кишти мухаддир мубориза кунанд, бояд талошҳои худро бо ниҳодҳои дохилӣ ҳамоҳанг намоянд. Як иллати номуваффақии барномаи мубориза бо маводи мухаддир, ба назари у, ҳамоҳанг набудани талошҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар ин замина мебошад.

Аммо Мирдоди Панҷшерӣ, мушовири вазири кишоварзии Афғонистон назари дигаре дорад, у мегуяд, имсол майдони кишти кукнор дар Афғонистон ба ҳисоботҳои вазорати кишоварзӣ хеле бетар аз 55 ҳазор гектар аст. Оғои Панҷшерӣ муътақид аст, ки барномаи пул бар ивази даст кашидан аз кишти кукнор, барои деҳқонон дар Афғонистон коромад воқеъ нашуда ва бисёри деҳқонон бо он ки пулро низ дарёфт кардаанд ба кишти кукнор ҳамчунон идома додаанд. У мегуяд: "Он ҷо иштибоҳи бузурге рух дод, аз тарафи соҳибназарони берунӣ омаданд, ҷомеаи афғониро нодида гирифта, барои ҳар деҳқон 350 доллар доданд ва ин ташвиқ ба зери дигар даҳоқин шуд. Муттаасифона, имсол беш аз 50 ҳазор гектар замин таҳти кишти растаниҳои нашъадор қарор гирифта, имкон дорад, беш 4 то 5 ҳазор тонна маводи мухаддир тавлид шавад."

Ба ҳамин тартиб, мақомоти афғон ҳануз дар сари таҳияи як барномаи миллии мубориза бо маводи мухаддир баҳс доранд. Барномае, ки битавонад, дар муқобили кишти кукнор коромад воқеъ шавад. Дар ғайри сурат ба назари мусоҳибони ман то кунун танҳо майдони кишти кукнор ҷойи худро иваз кардааст. Киштзорҳои сари роҳҳо ва минтақаҳои чашмрас ба ҷойҳои куҳистонӣ ва дуруфтода табдил шудаанд. Акнун ба назари деҳқонони афғон, ин ҳол кишти кукнорро душвор кардаааст. Зеро барои нигоҳубини киштзор деҳқонони корозмуда ва аграномҳои ботаҷриба киро мешавад, ки барои фиристодани онҳо ҷойҳои дуруфтода пули бештаре масраф мешавад ва ин ҳол дар навбати худ мисли пешин озод нест ва ҷавобгарӣ низ дорад, ки саранҷом боиси афзоиши қимати чакидаи кукнор мешавад.

Аз афғонҳо мепурсам, ки чӣ бояд кард, то кукнор кишт нашавад. Ва ё кишти он коҳиш ёбад? Ба назари бисёре аз онҳо, то замоне, ки маводи мухаддир харидор дар берун аз Афғонистон дорад, ҷилавгирӣ аз он ғайриимкон аст. Дар бозорҳои шимоли Афғонистон як халта орд 5 доллар қиммат дорад ва барои деҳқонон бисёр фоидаовартар аст, агар ба ҷойи гандум кукнор кишт кунанд, ки даромади он садҳо маротиб бештар мебошад.

Давлат бар ивази он ки ин заминҳо кукнор кишт нашуд, ваъдаи кумак кардааст, вале то кунун мегуянд деҳқонон, кумакро дарёфт накардаанд.

Масълали ҷилвгирӣ аз қочоқи он дар дохил бошад, ҳануз ба авлавиятҳои кори мақомоти маҳалӣ табдил нашудааст. Миёни ниҳодҳои марбути муборизакунанда бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран санадҳое имзо шуда ва намояндагии Оҷонсии Тоҷикистон дар он ҷо фаъолият мекунад.

Аммо ба назари Абдулҳай Илоҳӣ, ҳануз танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир, роҳи истифода аз ниру ва назорати шадид аз марзҳост. У чизи беҳтаре пешниҳод кард наметавонад: "Дар садади ин ҳастем, ки бо кумаки кишварҳои дигар марзҳои Тоҷикистону Афғонистона боқувват банд кунем ва неруҳои марзбони худро тақвият кунем."

Афғонҳо медонанд, ки кишти маводи мухаддир кори хубе нест, вале мегуянд, агар чизе беҳтар аз кукнор пешниҳод шавад, ки битавонад, даромади маводи мухаддирро дошта бошад, онҳо аз кишти кукнор даст бар хоҳанд дошт. Аммо зироате доромадовартар аз кукнор магар ҳаст, мепурсам аз онҳо.

Вале дар охирин рузе, ки меҳмони шаҳри Файзобод будам, дар маркази ин шаҳр дар даҳметрии дарвозаи пулиси шаҳр шахсеро мебинам, ки бо афрухтани гулхани кучаке тавасути як найчаи хос дуди онро фуру ва аз он ҳаловат мебарад. У банг мекашад ва аз пулиси раҳнамо мепурсам, ки магар ҳануз иҷоза ҳаст, ки кас ин ҷо банг бикашад. Барои ҳар кас иҷоза нест, вале агар майл дошта бошӣ, ба ту низ иҷоза медиҳем, бо шухӣ мегуяд, он марди пулис. Буйи дуди хоси банг фазоро пур мекунад ва ин дудест, ки ин мардум ба он одат карда ва эҳсоси онҳоро бар намеангезад.

XS
SM
MD
LG