Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САБАБИ БАРНАГАШТАНИ М. ИСКАНДАРОВ ДАР ЧИСТ?



Раҳматкарими Давлат



Тул кашидани сафари Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, дар навоҳии водии Рашт ва бо гузашти бештар аз як моҳ барнагаштани у ба Душанбе, боиси эҷоди хабару овоза ва сарусадои мухталифе дар атрофи номи у шудааст. Муҳаммадрузӣ Искандаров ба дунболи он ки бинобар нокифоятӣ дар кор, аз мансаби раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор шуд, ба Тоҷикобод ноҳияе дар шарқи Тоҷикистон, зодгоҳи худ рафтааст ва гуфта мешавад, ба дунболи барканории у фармондеҳони пешини мухолифин зимни як мулоқот гирди ҳам омадаанд.

Ва акнун дар бозорҳо ва маҳфилҳои Душанбе гапи аввал ин аст, ки Муҳамадрузӣ Искандаров ба шарқи Тоҷикистон паноҳ бурда ва дар атрофи худ гуруҳҳои собиқи мухолифи давлат ва ҳатто афроде аз ҷумлаи сарбозони пешини давлатро ҷамъ кардааст.

Аммо Раҳматулло Валиев - дабири кулли ҲДТ мегуяд, ин овозаҳо воқеъият надорад. У гуфт, Маҳмадрузӣ Искандаров зимни як тамоси телефонӣ имруз, 12 январ ин овозаҳоро рад кардааст: "Бо раиси Ҳизби Демократ Муҳаммадрузӣ Искандаров телефонӣ мулоқот доштам ва он суханоне, ки дар марказ ва дигар ноҳияҳо паҳн шудаанд, гуё ки гуруҳҳои силоҳдоре, дар минтақаи Рашт бо ташаббуси Искандаров ташкил шуда истодаанд, дуруғ аст. Ман аз у дар ин бора пурсидам, вай гуфт, ин овозаҳо воқеият надоранд. Муҳаммадрузӣ Искандаров дар Тоҷикобод, Ҷиргатол, Ғарм ва дигар ноҳияҳо бо аъзои Ҳизби Демократи Тоҷикистон вохуриҳо дорад ва ин вохуриҳо аз руи нақшаи кори ҳизбӣ буд."

Вале бар асоси як фарзияи дигар, ба дунболи барканории Искандаров аз мансаби раиси "Тоҷикгаз", нисбати у додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ҳатто дастури боздошти уро содир кардааст. Аммо додситони кулли Тоҷикистон дар ду рузи пеш боз шудани парванда ва таҳти пайгард қарор доштани Икандаровро рад кард. Ин ҳол низ мутавонад, боиси маътал шудани Искандаров дар Тоҷикобод бошад. Ин дар ҳолест, ки Раҳмтулло Валиев мегуяд, раиси ҲДТ таърихи бозгашташ ба Душанберо ҳануз мушаххас накардааст.

Аммо як хабарнигори мустақил, ки бо Муҳаммадрузӣ Искандаров тамоси телефонӣ доштааст мегуяд, раиси ҲДТ гуфтааст, анҷоми баррасии парвандаи "Тоҷикгаз"- ро аз ҷониби додситонӣ интизор аст ва ба муҷарради анҷом шудани он ба Душанбе боз хоҳад гашт. Дар ҳар сурат ба муддати тулонӣ дар минтақа боқӣ мондани Муҳамммадрузӣ Искандаров ҷойи суолу тардидеро барои хабарнигорон ва алоқамандони ҷараёнҳои сиёсӣ боқӣ гузоштааст.

XS
SM
MD
LG