Пайвандҳои дастрасӣ

МУРОФИАИ АФСАРИ ВАЗОРАТ ШУРУЪ МЕШАВАД



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноии Давлатшоҳ Ворисов, як корманди пешини вазорати дифои Тоҷикистонро, шуруъ кард. Абдунабӣ Исҳоқӣ - додраси додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе - 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ Давлатшоҳ Ворисовро дар содир кардани як қатор ҷиноёти сангин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он муттаҳам дониста ва бар асоси даҳ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба у айб эълон кардаанд.

Абдунабӣ Исҳоқӣ афзуд: "Таҳқиқи парвандаи ҷиноии Ворисов бо иттиҳомоти содир намудани роҳзанӣ, роҳзанӣ барои ба даст овардани амволи махсусан зиёд, таҷовуз ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, истифодаи зуроварӣ ба зидди намояндагони ҳокимият, тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳ, суистифода аз мақоми хидматӣ хотима ёфт ва додгоҳ ирсол шуд."

Ба иттиллои оқои Исҳоқӣ, Давлатшоҳ Ворисов бар асоси протоколи низомии Созишномаи умумии сулҳ ва бо фармони вазири дифои Тоҷикистон аз сентябри соли 1999, ҳамчун размандаи Иттиҳоди нируҳои мухолифини собиқи тоҷик сабти ном шуда ва аз моҳи июли ҳамон сол ба феҳрасти ҳайъати шахсии қисми ҳарбии 41008Б дохил ва ҳамзамон тибқи ҳамин фармон, ба вазифаи инструктори гуруҳи муҳофизони муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон таъйин мешавад.

Абдунабӣ Исҳоқӣ - додраси додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе аз шарҳи ҷузъиёти бештари парвандаи мазкур худдорӣ кард ва танҳо ҳамин чизро афзуд, ки таҳқиқоти ин парванда то нимаҳои аввали феврали соли равон идома хоҳад дошт ва дар сурати тасдиқи далоили маводи тафтишоти қаблӣ Давлатшо Ворисов-корманди собиқи вазорати дифои Тоҷикистонро то 25 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG