Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МУОВИНИ РАИСИ ҲНИТ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддинов - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ва се нафар ҳамроҳи уро муддати аз 16 то 25 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Насим Ҳасанов, қозии Додгоҳи Олӣ ва раиси мурофиаи мазкур, гуфт, Шамсиддин Шамсиддинов ва Алишер Комилов ба 16 сол, Муҳаммадҷон Фозилов 18 сол ва Лутфулло Файзуллоев ба 25 сол барои ташкили гуруҳи ҷиноӣ, куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи қозии додгоҳ, ин гуруҳ, аз ҷумла дар куштори низомиёни Русия ва инчунин қатли Собирҷон Бегиҷонов, раиси собиқи ноҳияи Ҷабор Расулов, дар моҳи майи соли 2001-ум дар вилояти Суғд даст доштааст.

Аммо Ҳизби Наҳзат қарори додгоҳро ғайриодилона арзёбӣ мекунад. Муҳиддин Кабирӣ муовини раиси ҲНИТ мегуяд, Шамсиддин Шамсиддинов барои гуноҳҳое маҳкум ба зиндон шудааст, ки мавриди афв қарор доштанд.

Насим Ҳасанов қозии додгоҳ мегуяд, афроди маҳкумшуда як ҳафта фурсат доранд, то аз болои қарори додгоҳ шикоят кунанд. Ҳукми додгоҳ дар мавриди Шамсидин Шамсиддионв, муовини раиси Ҳизби Наҳзат ва се нафар шарики у дар сурати бетағйир боқӣ мондан, пас аз бозрасии ҳайъати баррассикунандаи шикоёт дар додгоҳ, ба марҳилаи иҷро ворид хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG