Пайвандҳои дастрасӣ

МАНИЛОВ ОИД БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН СУХАН ГУФТ



Тоҳири Сафар



Александр Манилов - муовини раҳбари неруҳои марзбонии Русия - гуфт, кишвараш ҷонибдори он аст, ки ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба тадриҷ ба уҳдаи марзбонони тоҷик вогузор шавад. Генерали рус ҳамзамон иброз доштааст, ки сухан дар бораи берун бурдани неруҳои марзбони Русия аз Тоҷикистон намеравад.

Ахиран вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки соли равон ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тибқи созишномаи нави миёни Маскав ва Душанбе сурат хоҳад гирифт. Созишномаи мазкурро ду ҷониб баррасӣ мекунанд ва тибқи он бояд русҳо назорати қисмате аз марзро ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузоранд.

Александр Манилов ба хабаргузории "Итар Тасс" гуфтааст, агар Тоҷикистон омодаи ҳифзи марзи худ бо Афғонистон бошад, дар он ҳолат Русия назорати марзро ба уҳдаи сарҳадбонони он кишвар мегузорад. Вале гуфтааст Манилов ҳоло марзбонони тоҷик қудрати ҳимояи тамоми сарҳади кишвари худ бо Афғонистонро надоранд.

XS
SM
MD
LG