Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КУМАКИ БАШАРИИ ТОҶИКИСТОН БА БАМ РАСИД



Мирзонабии Холиқзод



Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон - рузи шанбе, 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар як ҳавопаймои Туполев-154 кумакҳои имдодӣ ба зилзилазадаҳои шаҳри Бами Ирон ирсол дошт.

Ин кумакро оқои Насриддинов ба унвони намояндаи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба маркази ҳамоҳангсози имдод ба осебдидагони заминларазаи Бами Ирон таслим намуд. Салоҳиддин Насриддинов гуфт: "Ҳудуди 18 тонна кумаки башардустона мо фиристодем, ки он ҷо ҳам либос буд ва ҳам лавозимот барои рузгор ва сарпаноҳ."

Ин барои нахустин бор аст, ки Тоҷикистон ба осебдидагони зилзилаи шаҳри Бами Эрон, ки ин заминлараза ҷони наздик ба 30 ҳазор нафаррро аз байн бурд, ба нишони кишвари дуст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг ёрӣ расонид.

Дар авоили ҳамин ҳафта намояндагии тоҷикистонии созмони байналмиллалии КАДА ҳудуди 100 тонна кумаки имдодӣ, иборат аз либосу чодир, муодили як миллион доллари Иёлоти Муттаҳида ба осебдидагони Бам фиристонид.

XS
SM
MD
LG