Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶАЛАСАИ ДОДСИТОНИИ НАҚЛИЁТ БАРГУЗОР ШУД



Раҳматкарими Давлат



Дар ҷаласаи мушовараи додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз фаъолияти ин ниҳод дар назорат бар иҷрои қонун дар муассисаҳои нақлиётии кишвар тайи як сол натиҷагирӣ шудааст. Оқил Султонқулов - ёвари додситони нақлиёти Тоҷикистон - баъди анҷоми ин ҷаласа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат додситонӣ 115 маврид санҷиши иҷрои қонунро доир карда ва 150 мавриди қонуншиканиҳо ва қарорҳои ғайриқонунии муссисаҳои нақлиётиро муайян ва бекор кардааст. Дар натиҷаи асноди пешниҳоднамудаи додситонии нақлиёт аз ҷумла 95 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Оқои Султонқулов инчунин гуфт:"Санҷишҳои прокурорӣ инчунин аён намуданд, ки ҳифзи моликияти давлатӣ ва низоми молиявӣ дар ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ба талабот ҷавобгу нест. Ҳолатҳои дуздӣ, тассаруфи амвол, суистеъмоли мансаб ва дигар ҷиноятҳо хеле доман паҳн кардааст.

Оқил Султонқулов инчунин афзуд, дар соли гузашта барои аввалин бор додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар хати сайри поезди Душанбе-Астрахан санҷиши додситонӣ баргузор кард ва маълум шудааст, ки ҳуқуқи мусофирони қатораҳои Тоҷикистон дар берун аз Тоҷикистон низ аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомии Узбакистон ва Қазоқистон зери по мешавад. Дар ин бора додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба унвони додситониҳои Узбакистон ва Қазоқистон номаи махсус бо изофаи натиҷаҳои санҷиши додситониро ирсол кардааст.

Инчунин маълум шудааст, бархе аз ки кормандони ширкати ҳавопаймоӣ бо истифода аз хунукназарии роҳбарони ин ширкат дар харидуфуруши билет ва гарон сохтани нархи он дар Маскав даст доштаанд. Парвандаи додситонӣ дар ин бора идома дорад.

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар соли гузашта ба маблағи бештар аз 6 миллион сомонӣ зарари ба муассисот ва давлат расонидашударо дубора боз гардонидааст. Инчунин додситонӣ нисбати 10 нафар аз кормандони ширкати роҳи оҳан барои вайрон намудани қонун аз ҷумла бидуни чипта кашонидани одамон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG