Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТОҶИКИСТОН ДАР РУЙХАТИ СИЁҲИ БРИТОНИЁ НЕСТ



Мирзонабии Холиқзод



Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рузи ҷумъа иттилои хабаргузориҳоро дар мавриди ин ки ҳукумати Бритониё парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро дар ҳарими ҳавоии худ манъ кардааст, рад намуда гуфт, хабаргузориҳо иштибоҳан дар феҳрасти кишварҳои номбаршуда Тоҷикистонро низ ворид кардаанд.

Ба хабари сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, дар ҳақиқат бо пешниҳоди парлумони Бритониё ҳукумати ин кишвар ба хотири амнияти шаҳрвндонаш парвози ҳавопаймоҳои як қатор кишварҳои африқоӣ ва ҳамчунин Қирғизистон дар роҳи парвоз ба ин кишвар манъ намуд. Пас аз суқути ҳавопаймои ширкати мисрии "Флеш Аеролайс" 3 январ дар Баҳри Сурх ҳукумати Бритониё ин тасмимро гирифтааст.

Намояндаи департаменти ҳавопаймоии вазорати нақлиёти Тоҷикистон Ҷалолиддин Ҷалолов гуфт, мо дар ҷараёни ин масъала ҳастем ва ин хабарро аз барномаи хабарии телевизиони Русия "Вести" шунидем, аммо ин асос надорад. Ба қавли оқои Ҷалолов, агар ин хабар ҷой медошт, созмони ҷаҳонии ИКАО, ки парвозҳоро дар миқёси ҷаҳон назорат мебарад, ҳатман Тоҷикистонро дар ҷараён мегузошт.

Аммо у бо норозият афзуд, чунин хабарҳои носаҳеҳ обруи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон поён мебарад.

Раиси дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон Игор Сатторов гуфт, Тоҷикистон ҳеҷгуна хати парвоз ба Бритониё надошт ва пас аз баррасӣ бо сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон маълум шудааст, ки Қирғизистон дар феҳрасти сиёҳ оварда шудааст, на Тоҷикистон, зеро Қирғизистон бо Бритониё хати парвоз дорад.

Вазорати хориҷаи Тоҷиистон мегуяд, пахши ин хабари боиштибоҳ дар ҳолест, ки сафири ин кишвар Майкл Смит дар дидораш бо президенти Тоҷикистон 8 январ хабар дод, ки ҳукумати Биртония маҳдудияти равуои шаҳрвандонашро ба Тоҷикистон лағв намудааст. Ва дар назар аст, ки дар моҳи оянда бо пуштибонии департаменти муносиботи байналмиллалии вазорати хориҷаи Бритониё дар Ландан нишасти машваратии кишварҳои кумаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG