Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ парвандаҳои чангзеркардаро аз нав таҳқиқ мекунад



Раҳматкарими Давлат

Додситони кулли Тоҷикистон гуруҳеро барои таҳқиқи марги 70 хабарнигори тоҷик таъсис додааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дигарбора барои таҳқиқи қазияи қатли хабарнигорон дар ин кишвар як комиссияе таъсис кардааст. Гуфта мешавад, ин иқдом ба дунболи дархости созмони байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва соир созмонҳои журналистӣ сурат мегирад. То кунун чунин гуруҳҳои тафтишотие ба манзури баррасии парвандаи қатли чеҳраҳои саршинос ва хабарнигорон таъсис шуда буд, вале ба далели мухталиф аз ҷумла авзои номуносиб, ба муваффақияти чандоне даст наёфтааст.

Аммо акнун Азизмат Имомов - муовини додситони кулли Тоҷикистон - мегуяд, гуруҳи тафтишотии навтаъсис бо азми росих оғоз ба кор карда ва умедвор аст, ки хоҳад тавонист, аз руи бисёре аз ин кушторҳо, ки ҳамчунон омилони онҳо ошкор нашудаанд, парда бардорад: "Як гуруҳи махсуси тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони прокуратураи ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати амнияти Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсад аз созмон додани гуруҳи мазкур ошкор кардани саркардагон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятҳо мебошад. Ва аллакай гуруҳи тафтишотӣ ба як муваффақияти муҳим ноил гардидааст ва умед аст, ки вобаста ба ҳар як кори ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул мешавад, яъне гунаҳкорон ба ҷавобгарии қонунӣ кашида хоҳанд шуд."

Ба асоси маълумоти Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, аз оғози ҷанги дохилӣ то кунун 73 нафар хабарнигор кушта шудааст. Аммо додситони кулли Тоҷикистон дар ҷавоби номаи Кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз ошкор шудани омилони қатли танҳо се нафар Михаил Никулин - хабарнигори Телевизиони Русия, Давлаталӣ Раҳмоналиев - мудири Телевизони давлатии Тоҷикистон ва Муҳиддин Олимпур - гузоришгари бахши форсии Би Би Си хабар додааст. Ва таъкид кардааст, ки дар робита ба қатли чанд хабарнигори дигар аз ҷумла Муродулло Шералиев, Хушбахт Ҳайдаршо, Олим Заробеков ва Ширин Амрҷонов низ парванда боз шуда, вале тафтишот натиҷаи мусбат бор наоварда ва ба ин далел идомаи баррасии ин парвандаҳо боз дошта шудааст. Нуктаи боз ҳам ҷолибтар дар номаи додситонӣ ин аст, ки аз марги бархе журналистон, ки созмони байналмиллалии журналистон аз онҳо ном бурдааст, изҳори бехабарӣ шудааст.

Аммо ҳуқуқшиноси мустқил Иброҳим Кимсанов мегуяд: "Додситонӣ ба асоси низомномаи кори худ метавонад, агар баррасии парвандае дар корҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ натиҷа надод, онро муваққатан боз дорад, вале ин ба он маъно нест, ки парванда комилан баста шавад ва аз идомаи баррасии он сарфи назар шавад. Аз оғози ин парвандаҳо ва ин кушторҳо ҳатто то 12 сол низ гузаштааст. Аммо боз ҳам ин парвандаҳо бояд таҳқиқ шаванд." Оғои Кимсанов ҳамчунин афзуд, ба гуруҳи тафтишотии парвандаи қатли журналистон бояд ҳатман ҳуқуқшиносони мустақил низ шомил шаванд.

Бисёри парвандаҳо ба он далел баста шудаанд, ки гуё касоне, ки ҷиноятро содир кардаанд, ё ба куштор даст задаанд, худ кушта шудаанд, вале фармоишгарони куштор иҷрокунандагони он нестанд ва онҳо метавонанд, зинда бошанд, пас бояд ин парвандаҳо идома пайдо кунад.

Ҷолиб ин аст, ки дар бисёре аз маврид додситони Тоҷикистон тавонистааст, омилони бевоситаи кушторро пайдо кунад, вале фармоишгаронро не. Масалан кушандаи Сайф Раҳимов раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро додгоҳ ба қатл маҳкум кард. Ва дар асноди тафтишот омадааст, ки як нафари номаълум он ҳам шахси соҳибнуфуз, вале боз ҳам номаълум, дар фармоиши ин куштор шарик будааст. Аммо бидуни он ки фармоишгар, ки гуё 10 ҳазор доллар низ барои кушитани Сайф Раҳимов додааст, маълум шавад, иҷрочии куштор ба қатл маҳкум мешавад. Ҷолиб ин аст, ки чӣ тавр соҳибнуфуз ва даҳ ҳазор доллар додани фармоишгарро тафтишот маълум кард, вале худи уро не.

Расонаҳо ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз ин иқдоми додситонӣ ба ҳар навъ истиқбол кардаанд. Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегуяд: "Ба назари мо ин як иқдоми бисёр ба маврид аст, то маълум шавад, ки замони идомаи ҷанги ҳамватанӣ барои ҳаёти журналистон то кадом ҳад хатар таҳдид мекард. Барои он муҳим аст, ки бидонем, кадоме аз онҳо дар ҳангоми иҷрои вазифа ва кадоме барои нашри мавод ва ё дар майдони бархурдҳо кушта шудааст. Дуруст аст, ки бештар аз 70 нафар хабарнигор дар ин муддат кушта шудааст, аммо бисёр муҳим низ ҳаст, то маълум шавад, ки мушаххасан кушандагони онҳо кист ва барои чӣ кушта шудаанд. Аммо мо медонем, ки ин кори соддаву саҳле нест."

Аммо то кунун кушандагони се нафар аз журналистон, ки ошкор шудаанд, ба гуфтаи мақомоти додситонӣ ҳамагӣ сарбозони собиқи мухолифини давлат будаанд. Ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон мақомоти тафтишот, боз ҳам талош хоҳанд кард, афроди дигареро аз ин ҷумла пайдо кунанд ва битавонанд собит кунанд, ки дар куштори кадом журналисте даст доштаанд.

Вале ҳамсуҳбати охирини ман аз ҷумлаи хабарнигорони тоҷик ба натиҷаи кори тафтишоти ин гуруҳи навтаъсис зиёд хушбин нест. У мегуяд, аксари ин хабарнигорон дар замони низоъи дохилӣ кушта шудаанд ва гуруҳҳои манфиатдори низоъ ҳануз соҳибқудрат ҳастанд, ки анҷом шудани тафтишоти мунсифонаро мушкил мекунад.

XS
SM
MD
LG