Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КУШТОРҲОИ ПУРСАРУСАДОРО ОШКОР КАРДААНД?



Мирзои Салимпур



Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки мақомоти ин кишвар таҳқиқи чанд парвандаи кушторҳои пурсарусадоҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ба поён оварда, қотилони чанде аз хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруфи сиёсиро ошкор кардаанд.

Оқои Бобохонов гуфт, тафтиши чунин парвандаҳои собиқадор ба души гуруҳи вижае бор шуда буд, ки ба он муовини раиси идораи тафтишоти додситонӣ Соҳиб Сулаймонов раҳбарӣ мекард.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, то имруз бо талоши ин гуруҳи вижа қотилони хабарнигори телевизиони русии ОРТ Виктор Никулин, хабарнигори родиёи Би Би Си Муҳиддини Олимпур ва яке аз раҳбарони телевизиони давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев ошкор ва маҳкум шудаанд.

Бобоҷон Бобохонов ҳамчунин хабар дод, ки тафтиши парвандаи қатли раиси Ҳизби Сусиёлисти Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев низ ба поён расида, қотилони у ба зудӣ ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Оқои Бобохонов афзуд, ки онҳо ба зудӣ қотилони мушовири аршади раисиҷумҳур Карим Юлдошевро низ ошкор хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG