Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ГАРАВГОН ГИРИФТАНД



Насибҷон Амонӣ



Се муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия бармегаштанд, дар марзи Қазоқистону Узбакистон гаравгон гирифта шуданд. Одамрабоён барои озод кардани муҳоҷирон 1750 доллар талаб доранд.

Назар ба гуфтаи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки ҳама зодаи вилояти Хатлонанд, дар арафаи соли нав савори мошини шахсӣ аз Русия вориди қаламрави Қазоқистон мешаванд. Марзбонони қазоқ ба онҳо пешниҳод мекунанд, ки онҳоро то марзи Узбакистон кормандони полис раҳнамоӣ кунанд. Он раҳнамоҳо, ки либоси полисӣ ва шаҳодатномаи хидматӣ ҳам доштанд, бидуни муаррифии хеш ва қарордоди қаблӣ, муҳоҷиронро то шаҳри Актюбинск расонда, ба ивази хидмат 750 доллари амрикоӣ талаб мекунанд. Вале чун ин миқдор маблағ аз муҳоҷирон ҳосил намешавад, онҳо муҳоҷиронро бо маблағи 750 доллар ба қавли раҳнамоён ба раҳнамои дигар "мефурушанд".

Раҳнамоҳои нав, ки яке аз онон Ғайрат ном доштааст, муҳоҷиронро то марзи Узбакистон расонда, аз онҳо 1750 доллар ситониданӣ мешаванд. Раҳнамоҳо ё роҳзанҳои навбаромад мебинанд, ки ин миқдор маблағ ба даст намеояд, мошини Жигулӣ, ҳуҷҷатҳои он ва се муҳоҷирро гаравгон гирифта, соҳиби мошин Абдулло Абдулҳаевро барои пайдо кардани маблағ ба Тоҷикистон мефиристанд.

Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафорат бо ирсоли як номаи эътирозӣ ба вазорати умури хориҷаи Қазоқистон хостори ҳарчӣ зудтар озод кардани гаравгонҳо шудааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG