Пайвандҳои дастрасӣ

СЕ НИЗОМИИ ТОҶИКРО ЗИНДОНӢ МЕКУНАНД



Раҳматкарими Давлат



Савриддин Тошев - қозии додгоҳи низомии шаҳри Душанбе - ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳии Фармон Фозилов, як афсари нируҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар ҷосусӣ барои Узбакистон муттаҳам мешавад, ба анҷоми худ наздик шудааст. Ин мурофиа рузи чоршанбе низ пушти дарҳои баста идома дошт. Аз Оғои Тошев пурсидам, ки ин афсари нируҳои марзбонӣ бо чӣ гуноҳи дигаре низ муттаҳам шудааст. Вай гуфт, у ҳамчунин дар нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, тамаъҷуйӣ ва бе иҷоза хориҷ шудан аз қисми низомӣ айбдор мешавад.

Аммо, афзуд Савриддин Тошев, ин лейтенанти 40 - солаи нируҳои марзбонии Тоҷикистон иқрор шудааст, ки ҳангоми хидмат дар ноҳияи Бешкент дар марзи бо Узбакистон, бо мақомоти маҳаллии Узбакистон ҳамкорӣ доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар додгоҳи низомии Душанбе, агар гуноҳи Фармон Фозилов дайн шавад, имкон дорад, у аз 15 то 20 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Дар ҳамин ҳол Абдухалил Раҷабов қозии додгоҳи шаҳри Душанбе мегуяд, дар додгоҳи Душанбе даври дигари баррасии парвандаи ду афсари нируҳои марзбонӣ ва вазорати умури фавқуллодаро, он ҳам пушти дарҳои баста, оғоз кардааст.

Ба гуфтаи оқои Раҷабов, Ҷон Сатторов корманди пешини вазорати фавқуллода ва Рустам Зиннатов як афсари Кумитаи марзбонии Тоҷикистон барои куштори 4 корманди милисаи вилояти Хатлон ва чор сокини ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон муҳокима мешаванд.

Ба гуфтаи қозии додгоҳи Душанбе ҳар дуи ин афрод аз сарбозони собиқи нируҳои мухолифин мебошанд, ки бар асоси барномаи ҳамоиши нируҳои мухолифин бо ҳукумат вориди сохторҳои қудратии давлат шудаанд. Ва барои ҷиноёте муттаҳам мешаванд, ки то ҳангоми ворид шуданашон ба сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар соли 1997 содир кардаанд. У гуфт, ин ду нафар инчунин дар ғорат ва дуздии амволи давлатӣ низ даст доштаанд.

XS
SM
MD
LG