Пайвандҳои дастрасӣ

КУШТОРИ ХАБАРНИГОРОНРО ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД



Фируз Баротов



Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, барои таҳқиқи ҳодисаҳои қатли хабарнигорон дар солҳои ҷанги дохилии ин кишвар як гуруҳи вижаи тафтишотӣ таъсис медиҳанд, ки таҳти назари додситонии кулли Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон Азизмад Имомов хабар дод.

Ин ибтикор дар посух ба дархости Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон сурат мегирад, ки баҳори гузашта зимни мулоқот бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар Вошингтон расидагии сареътари мақомоти ин кишвар ба 73 парвандаи сабтшудаи куштори хабарнигоронро дар солҳои ҷанг тақозо мекард.

XS
SM
MD
LG