Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДУ ВАЗИР ВА РАИСИ СЕ НОҲИЯВУ ШАҲР НАВ ШУД



Мирзои Салимпур



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар идомаи маъракаи тағйироти кадрии давлаташ Раҷабмад Амировро вазири фарҳанг ва Ворис Мадаминовро вазири нави кишоварзии Тоҷикистон таъйин кард. Вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон Турсун Раҳматов акнун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудааст.

Оқои Раҳмонов ҳамзамон Азим Иброҳимро иҷрокунандаи симати раиси ноҳияи Ибни Синои Душанбе, Баракатуллоҳ Аҳмадовро раиси шаҳри Турсунзода ва Эмин Сангиновро раиси шаҳри Конибодом таъйин кардааст.

Руъасои собиқи ин шаҳри навоҳӣ ё бо хоҳиши худ ва ё ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақом барканор шудаанд. Аммо сабабҳои аслии барканории онҳо дар матни фармонҳои ахири раисиҷумҳур наомадааст.

XS
SM
MD
LG