Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУД ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО ДУРУСТ МЕШУМОРАД



Абдуқайюми Қайюмзод



Худойназар Асозода, сухангуи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, татбиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати биступанҷ дар сад афзудани маоши кормандони ниҳодҳои буҷавӣ ва ҳамзамон лағви ҳамагуна имтиёзоти қаблӣ аз оғози соли ҷорӣ аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи рузи сешанбеи ин вазорат будааст.

Худойназар Асозода гуфт, масъулини ниҳодҳои қудратӣ муваззаф шуданд, то дар зинаҳои поёнӣ ва миёнаи ин сохторҳо моҳият ва аҳамияти қарори ҳукуматро дар бораи афзоиши музди маош ва барҳам задани имтиёзот ба таври муфассал бифаҳмонанд.

Сухангуи вазорати умури дохила афзуд, дар ҷараёни ҷаласа намояндагони сохторҳои қудратии кишвар бо истифода аз ҳузури Сайидамир Зуҳуров, муовини сарвазири кишвар дар умури амният ва дифоъ ва масъулони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ як идда аз масоили ҳалношудаи худ, аз ҷумла таъминоти саривақтии сарбозон ва афсарони мақомоти умури дохила бо сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ ва мушкилоти дигари вобаста ба фаъолияти ин ниҳодҳоро хотиррасон кардаанд.

Аммо масъулини ниҳодҳои қудратии кишвар новобаста аз мавҷудияти чунин камбуд ва лағви ҳамагуна имтиёзоти онҳо роҳбарияти кишварро, чуноне сухангуи вазорати умури дохила гуфт, "якдилона итминон додаанд, ки аз сиёсати иқтисодӣ ва ба хусус аз қарори ахири ҳукумат дар бораи боло бурдани маош ва барҳам задани имтиёзот ҷонибдорӣ мекунанд".

XS
SM
MD
LG