Пайвандҳои дастрасӣ

САРМУРАББИИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛ ИВАЗ ШУД



Нарзуллоҳи Латиф



Шариф Назаров - сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон - ва ёвари у Абдуғаффор Юлдошев дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи Футболи кишвар, ки рузи душанбе, 5-уми январ таҳти раёсати Суҳроб Қосимов раиси федератсия баргузор шуд, аз вазифаашон барканор гардиданд.

Шавкат Аҳмадов - котиби масъули Федератсияи Футболи Тоҷикистон - дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт, тими миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ, яъне роҳхат гирифтан ба марҳилаи ниҳоии ин бозиҳо, набаромад ва бинобар ин тибқи қарори Федератсияи Футбол натоиҷи бозиҳои тими миллӣ дар бозиҳои Осиё ғайриқаноатбахш ҳисобида, роҳбарони тими миллӣ аз вазифаашон барканор шуданд.

Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, тибқи қарори Федератсияи Футбол, Зоир Бобоев сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Вай соли гузашта сармураббии тими миллии наврасони Тоҷикистон буд. Уроз Турақулов - сармураббии тими футболи "Вахш"- и Қурғонтеппа ва Зайниддин Раҳимов - сармураббии дастаи "Олим-Ансол"- и Кулоб мураббиёни тими мунтахаб таъйин шуданд.

XS
SM
MD
LG