Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАИСОНИ ШАШ НОҲИЯ АЗ МАНСАБ БАРКАНОР ШУДАНД



Сафаргул Олимӣ



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо фармони ахири худ, шаш раиси ноҳияҳои вилояти Хатлонро аз вазифаҳояшон барканор кард. Тибқи иттиллои мақомоти Тоҷикистон, ин навоҳӣ аслан ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон мебошанд ва дар соли равон натавонистаанд, нақшаи солонаи пахтаи худро иҷро кунанд. Абдуфаттоҳ Шарипов - сухангуи президенти Тоҷикистон - рузи 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, раисони ноҳияҳои Совет, Балҷувон, Фархор, Восеъ, Бешкент ва раиси ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Фармонҳои раиси ҷумҳур дар масъалаи тағйирот дар мақоми ҳукуматҳои навоҳӣ аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардид. Аммо ҳангоми интишори ин фармонҳо сабаби аслии барканор намудан ва ҷой ивазкунии вазифаҳо ҳатто як ҷумла гуфта нашуд. Танҳо дар мавриди ду тағйирот гуфта шуд, ки бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз симмати феълӣ озод шудаанд. Аммо тибқи маълумоти манобеъи ғайрирасмӣ, сабаби аслии аз вазифа сабукдуш гардидани ин афрод он аст, ки ҳамин навоҳӣ нақшаи имсолаи пахтасупориро дар кишвар иҷро накардааст.

XS
SM
MD
LG