Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳкирои гарон ва мусофирони ҳайрон



Абдуқайюми Қаюймзод

Ҳукумат қиммати роҳкирои нақлиёти мусофирбари пойтахти Тоҷикистонро боло бурд.

Сокинони пойтахти Тоҷикистон аз афзоиши роҳкирои нақлиёти мусофирбар дар шаҳр шадидан изҳори нигаронӣ мекунанд. Субҳи рузи панҷуми январ ронандагони нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла микроавтобусҳо аз мусофирин ба ҷойи бист дирам чиҳил дирам талаб карданд.

Наим Раҳимов - мудири шуъбаи ҳукумати шаҳри Душанбе - дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди танзими нархи роҳкирои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ аз як соли пеш миёни ниҳодҳои масъули ҳукумат ва муассисоти зиддахли пойтахт баҳсу талошҳо ҷараён дошт. Ва ниҳоят бо пешниҳоди Оҷонси давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта қарор кард, ки баҳои киро дар нақлиёти ҷамъиятӣ афзоиш ёбад.

Оқои Раҳимов дар мавриди сабабҳои дигари болоравии роҳкиро гуфт: "Аз соли 2000-ум то ҳозир нарх 10 дирам буд ва зиёд нашуд. Аммо нархи сузишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва мошинҳо чанд баробар қиммат шуд. Музди меҳнати коргарон низ қариб 5 баробар зиёд шуд. Барои ҳамин барои таррақӣ додан ва дурустар ба роҳ мондани кори нақлиёт ва хариди нақлиёт, нарху наво камтар зиёд шуд. Бо пули буҷа ин қадар мошину автобус харида намешавад."

Аммо дар ҳамин ҳол Наим Раҳимов дар посух ба суоли мо дар мавриди сарнавишти ашхоси бознишаста ва соҳиби имтиёз гуфт, чунин нафаронро касе аз ҳаққи истифодаи имтиёзот маҳрум накардааст ва ин афрод бар асоси пешбинии қавонини кишвар метавонанд, аз имтиёзоти худ баҳраманд шаванд.

Вале онгуна, ки ишора рафт, болоравии баҳои кирои нақлиёти мусофирбар дар миёни сокинони пойтахт вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Барои сокинони пойтахт он чиз мояи нигаронӣ аст, ки чаро дар ҳоле ки ҳукумат ба маоши мардум ҳамагӣ биступанҷ фоиз афзуд, роҳкиро якбора садфоиз боло бурда мешавад. Як сокини Душанбе мегуяд: "Ин нарх барои халқи камбағал қиммат аст, барои пулдорон ҳеҷ мушкил надорад. Онҳо дар маршруткаҳо ҳеҷ вақт намешинанд, лекин барои коргарони оддӣ, ки аз маршрутка истифода мебаранд ин роҳкиро хеле гарон аст. Чаро маошро 25 фоиз боло мебаранд, вале нархро сад маротиба афзоиш медиҳанд, маоши ночизи онҳо ба як халта орд намерасад."

Як тан аз ронандагони микроавтобус дар суҳбат бо мо гуфт, аз он кӣ баҳои кироро гарон карданд, хурсанд намебошад, зеро гуфт у, акнун барои дарёфти асноди истифодаи нақлиёт, ба мисли муҷаввизу патент ва ғайра аз вай бештар ҳақ мегиранд ва кормандони бозрасии давлатӣ ва ё ба истилоҳ "гаишникҳо" ҳам ставкаҳои худро боло мебаранд.

Аммо Акбар Хоҷаев - сардори раёсати минтақавии Оҷонси давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе - гуфт, болоравии нархи киро дар асоси тақозои муассисоти мусофиркашонии пойтахт сурат гирифтааст. Оқои Хоҷаев гуфт, муасиссоти мусофирбарӣ ва ба хусус корхонаи мавсум ба "Танзим", ки куллияи микроавтобусҳои хусусӣ тавассути он иҷозаи фаъолият мегиранд, борҳо хостори бознигарии нархи кирои нақлиёти мусофирбар шуданд.

Бар пояи иттиллои бахши нақлиёти шаҳрдорӣ, дар ҳоли ҳозир 540 автобус ва микроавтобуси давлатӣ ва ҳудуди 800 микроавтобуси хусусӣ дар шаҳри Душанбе дар хидмати аҳолӣ қарор дорад. Аммо шаҳрвандон мегуянд, ин теъдоди нақлиёт кофӣ нест ва новобаста аз болоравии нархи киро камбуди теъдоди нақлиёти мусофирбар як мушкилоти ҷиддӣ дар пойтахти Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG