Пайвандҳои дастрасӣ

ҲУҚУҚИ ХАБАРНИГОРОН ҲАМЧУНОН ПОМОЛ МЕШАВАД



Раҳматкарими Давлат



Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дуввумин гузориши худро дар мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар ин кишвар мунташир кард. Ба гуфтаи таҳиякунандагони он, дар чанд моҳи охири соли гузашта назар ба аввали сол ҳодисаи нақзи ҳуқуқи журналистон бештар мушоҳида шудааст.

Наргис Зокирова аз таҳиякунандагони гузориши мазкур мегуяд: "Тайи чор моҳи охири Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мавридҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигоронро дар Тоҷикистон назорат ва сабт карданд. Дар ин муддат бештар аз 60 маврид нақзи ҳуқуқи хабарнигорон мушоҳида шуд, ки дар гузориши мазкур сабт шудааст. Ин мавридҳо аслан аз таҳдид ба унвони хабарнигорон, мушкилот дар дастёбӣ ба манобеъи иттилоотӣ ва инчунин монеа эҷодкунӣ дар роҳи фаъолияти хабарнигорон иборат мебошад."

Аммо мегуяд хонум Зокирова, агарчанд танҳо наздики 70 маврид нақзи ҳуқуқи хабарнигорон сабт шудааст, вале ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон метавонад, ба маротиб аз ин ҳам бештар бошад.

Ба назари коршиносони тоҷик, барҷастатарин мухолифат ва монеа дар роҳи матбуоти озод, дар моҳи гузашта манъ шудани интишори "Рузи нав" дар муҷтаъмаи рузномаҳо ва дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони идораи андоз боздоштани фуруши рузномаи "Неруи сухан" мебошад.

Масъулони "Неруи сухан" ҳануз ҳам иҷозаи паҳн кардани ин нашрияро пайдо накардаанд. Ҳамчунин дар поёни ҳафтаи гузашта, додситони кулли Тоҷикистон бо ирсоли амрномае ба унвони Раҷаби Мирзо сардабири "Рузи нав" ҳушдор додааст, аз нашри маводи интиқодомез, ки боиси коҳиши эътибори раиси ҷумҳур ва мақомоти давлат мешавад, худдорӣ кунад.

Ба гуфтаи масъулини ин рузномаҳои мустақил, дар ҳоле, ки маъракаи интихоботи парлумонӣ ва интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон наздик мешавад, мақомот фишори худ ба матбуотро ҳамчунон дар тули соли равон низ идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG