Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОДСИТОНИ КУЛЛ БА "РУЗИ НАВ" ҲУШДОР ДОД



Раҳматкарими Давлат



Додситони Кулли Тоҷикистон зимни як номаи расмӣ ба сардабири ҳафтаномаи "Рузи нав" ҳушдор додааст, ки аз интиқоди мақомоти давлат ва вайрон кардани Қонуни матбуоти Тоҷикистон ва соири қавонини ин кишвар худдорӣ кунад. Дар ин амри додситони кулл, ки бо имзои Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон ба идораи "Рузи нав" расидааст, гуфта мешавад, дар сурати такрори ин гуна қонуншиканиҳо, ашхосе, ки онҳоро додситон гунаҳкор номидаааст, ба ҷавобгарӣ кашида шуда ва нашрия баста мешавад.

Дар номаи додситонӣ ба унвони сардабири "Рузи нав" аз ҷумла чанд мавриди ба назари додситон хилофи қонун зикр шудааст. Аз ҷумла мақолаи муалифи "Рузи нав" таҳти унвони "Чаро президент дастнорас аст?", ба гунаи мисол зикр шуда ва гуфта шудааст, ки ин суханон эътибори президентро коҳиш дода ва суханони муаллиф, ки атрофиёни президент уро дар иҳота қарор дода, дастрасӣ ба уро мушкил кардаанд, ба ҳадде, ки номаҳои шаҳрвандон ба раиси ҷумҳур намерасад, як гуна туҳмат ба унвони кормандони давлат аст.

Аммо Раҷаби Мирзо - сардабири "Рузи нав" дар маводи дарҷнамудаи худ ҳеҷ гуна таркиби қоуншиканӣ ва ҷиноятро намебинад. У мегуяд, беҳтар мебуд, додситони кулл ин қазияро баррасӣ мекард, ки чаро бо гузашти як моҳ ҳануз ҳам кормандони дастгоҳи президент ба мактуби "Рузи нав" дар бораи қонуншикании нашриёти "Шарқи Озод" ҷавоб нагуфтаанд. Тибқи қонун ҳар арзу шикоят бояд дар муддати як моҳ баррасӣ ва ба он ҷавоб гуфта шавад: "Мо як моҳ пеш як мактуб карда будем, ба унвони президент, вале то ҳол аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба он посух нагирифтаем. Чаро додситонӣ, ки даъвои иҷрои қонун мекунад, инро баррасӣ намекунад?"

Дар ҷои дигаре аз эътирози додситони кулл омадааст, ки дар мақолаи "Чаро Сангак Сафаров президент нашуд?", муаллифи "Рузи нав" сессияи шонздаҳуми Шурои Олиро, ки Раҳмонов зимни он ба қудрат расида буд, ба табаддулоти соли 1917-и Ленин дар Русия шабоҳат дода ва ин маҷлисро як табаддулот номидааст ва додситони кулл бедареғ ин ҷумларо амали ҷинояткорона унвон кардааст.

Дар ҳамин ҳол Қироншоҳ Шарифзода - раиси Ассосиатсияи журналистон "Ҳамкории иҷтимоӣ" ва устоди бахши журнализми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегуяд, ин иқдоми додситонӣ як тасмими сиёсист, то як амале дар ҷиҳати назорат бар иҷрои қонун.

"Рузи нав" як нашрияи мустақилест, ки аз ҷониби чанд тан рузноманигори ҷавон дар тобистони соли гузашта таъсис шуд ва дар аввали декабри соли гузашта нашри он дар матбааи "Шарқи Озод", муттаалиқ ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мамнуъ шуд. Феълан ин нашрия дар як чопхонаи хусусӣ ба табъ мерасад.

Раҷаби Мирзо мегуяд, мо аз додситонӣ интизор доштем, ки нисбат ба вайрон шудани қонун ва созишномаи мо бо "Шарқи Озод" парванда боз мекунад, ки чаро бидуни асос маъмурияти "Шарқи Озод" нашри "Рузи нав"- ро боздоштааст. Аммо додситонӣ акси онро кардааст, вай мегуяд, акнун қасд дорад, дар ин бора ба додгоҳ муроҷиат кунад. У мегуяд, амри додситонӣ боиси он нахоҳад шуд, ки нашрия аз идомаи гуфтани воқеъиятҳои ҷомеа ифшои ақидаҳои мухолиф ва интиқод аз амалкардҳои соҳибмансабон ва ҳатто худи раиси ҷумҳур низ сарфи назар кунад.

XS
SM
MD
LG