Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲАМАИ ТЕЛЕФОНҲОИ ДУШАНБЕ ПУЛАКӢ ШУДААНД



Мирзои Салимпур



Дар пайи ба низоми рақамӣ ё худ диҷитал гузаштани истгоҳҳои телефонии шаҳри Душанбе ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" эълон кард, ки сар аз 1 январ гуфтугуҳои ройгони телефонӣ барои сокинони пойтахти Тоҷикистон аз байн рафт.

Бар асоси нархномаи нави ширкати "Тоҷиктелеком", ҳаққи моҳонаи истифода аз ҳар шумораи телефон барои аҳолӣ 50 дирам, барои корхонаҳои давлатӣ 2 сомониву 25 дирам ва барои корхонаҳои ғайридавлатӣ 4 сомониву 40 дирамро ташкил хоҳад дод.

Аммо аз ин ба баъд танҳо 1 дақиқаи гуфтугу бо телефон бепул буда, барои ҳар дақиқаи баъдӣ аҳолӣ - 1 дирам, корхонаҳои буҷавӣ - 2 дирам ва муассисаҳои ғайридавлатӣ 3 дирам пардохт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG