Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АФСАРИ ТОҶИКРО БА ҶОСУСӢ МУТТАҲАМ МЕКУНАНД



Раҳматкарими Давлат



Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе баррасии парвандаи як афсари нируҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки ба ҷосусӣ ва одамрабоӣ муттаҳам мешавад, оғоз кардааст. Мурофиа дар додгоҳи низомӣ пушти дарҳои пушида идома дорад. Фармон Фозилов - лейтенанти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон - тибқи 6 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, суйистифода аз мансаби хидматӣ, вайрон кардани ойинномаи низомӣ ва ҷиноятҳои дигаре бо истифода аз силоҳи оташфишон боздошт шудааст.

Ба гуфтаи як манбаъ дар додгоҳи низомии Душанбе, ин афсари кумитаи марзбонӣ иқрор шудааст, ки ҳангоми хидмат дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар ноҳияи Бешкент ё феълан Носири Хусрав ба мақомоти маҳаллии Узбакистон ҳамкорӣ дошта ва бо дархости онҳо маълумотҳоеро дар ихтиёри ниҳодҳои маҳаллии Узбакистон қарор медодааст.

Ҳамин манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, ба хабарнигорон гуфтааст, Фармон Фозилов ҳамчунин як сокини ноҳияи Бешкентро низ ба гарав гирифта ва аз у пул ва мошин тамаъ кардааст.

Ҷузъиёти бештари баррасии ин парванда дар додгоҳи низоми Душанбе маълум нест. Вале дар сурати дайн шудани гуноҳи афсари собиқи нируҳои марзбонӣ танҳо барои ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон, бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон у ҳадди аққал 15 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG