Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

РАҲБАРОНИ "ҶАМОЛ-КОМПАНИЯ"-РО ҶАЗО ДОДАНД



Мирзонабии Холиқзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи ҷиноии пурсарусадои Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати "Ҷамол-компания", сармуҳосиби у Вячеслав Сой ва муовинаш Зафар Камоловро бо ҷурми фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз дар ҷараёни муҳрафурушӣ поён дода, бо мусодираи молу мулк ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд.

Иброҳим Кимсанов - адвокати раиси ширкат дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бо ҳукми додгоҳ аз 31-уми декабри соли 2003-ум Ҷамшед Сиёев барои кирдораш чунин ҷазо гирифт. Ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум бо гузаштани ҷазо дар колонияҳои режимаш пурзур. Шариконаш, яъне сармуҳосиб Сой 8 сол ва ҷонишини директори генералӣ Камолов низ 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд."

Тибқи ҳукми додгоҳ, онҳо пас аз анҷоми давраи маҳбас 5 соли дигар ҳаққи иҷрои вазифаи раҳбариро дар ин ё он идора надоранд. Аммо судури ҳукм ба он маъно нест, ки парвандаи "Ҷамол-компания" дар мавриди тиҷорати муҳра пурра поён ёфтааст. Зеро сарнавишти маблағи 56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ бо ин ширкат муҳра тиҷорат кардаанд, норушан аст. То кунун наҳваи баргардондани пул ва ҷуброни зарари афроди ҷабрдида печида боқӣ мондааст.

Иброҳим Кимсанов - адвокати Ҷамшед Сиёев мегуяд: "Кирдорҳои Сиёев ва гуруҳи он то охир ҳоло тафтиш нашудааст, тафтиш давом дорад. Ҳукм бароварда шуд, оиди ҷиноятҳои онҳо содир кардагӣ, аммо ман ба ин ҳукм розӣ нестам ва ба тариқи кассатсионӣ муроҷиат мекунам, ки ин ҳукмро коллегияи дигар такроран дида барояд."

"Ҷамол-компания" ҳудуди 5 моҳ аз март то моҳи августи соли гузашта фаъолият намуд. Додситонии Кулли кишвар 14 август ба иллати фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ширкатро боздошт. Парвандаи ширкат бо пешниҳоди 18 соли маҳрумият аз озодии раиси он Ҷамшед Сиёев, 15 ноябр ба ихтиёри Додгоҳи Олӣ дода буд. Нахустин мурофиа 10 декабр шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG