Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК КУШТА ШУД



Мирзонабии Холиқзод



Шоми 30-уми декабр соати 17 дар натиҷаи моҷарои миёнаравҳои қазоқ ва 72 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки аз Русия бармегаштанд, аз оташи тири миёнаравҳо як муҳоҷири тоҷик захмӣ шудааст. Муҳоҷири дигар дар ҷойи ҳодиса аз тарс ҷон додааст. Ин иттилоъро 31 декабр Салимов ном муҳоҷири тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар додааст.

У гуфтааст, онҳо таввасути автобуси марбут ба Қирғизистон аз Русия бармегаштанд ва дар роҳ ҳангоми убури марзи Қазоқистон байни муҳоҷирон ва ду миёнарави қазоқ муноқиша бармехезад. Яке аз миёнаравҳо, ки мусаллаҳ будааст, як муҳоҷири тоҷикро захмӣ мекунад, муҳоҷири дигар, ки бемории қалб доштааст, аз тарс ҷон медиҳад.

Захмӣ шудани муҳоҷири тоҷикро дар суҳбати телефонӣ хонум Ниёзбоева - корманди масъули раёсати умури дохилаи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ - таъйид кард. Вай гуфт, ин иттилоъро ба онҳо идораи умури дохилаи шаҳри Чинози Узбакистон расонидааст ва ба пояи ин иттилоъ, муҳоҷири тоҷик аз тири ду нафар фарди номаълум, ки автобуси муҳоҷиронро боздшотаанд, захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи корманди дигари ин раёсат подполковник Абишев, онҳо ҷиҳати таҳқиқ кардани ин моҷаро як гуруҳро ба ҷои ҳодиса фиристодаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Алмаато ба вазорати умури хориҷаи Қазоқистон номае фиристода, тақозо кардааст, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар таҳқиқ шудани ин моҷаро ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон иқдом намояд.

Чунин ҳодисаи аз ҷониби ба истилоҳ "миёнаравҳо", ки ғолибан роҳзан ҳастанд, мавриди ҳамла ва ё ғорат қарор гирифтани муҳоҷирони тоҷик бори нахуст рух намедиҳад. Ду сол қабл аз як автобуси муҳоҷирони тоҷик миёнаравҳо 22 ҳазор доллар маблағашонро ғорат карда буданд.

XS
SM
MD
LG