Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Тоҷикистон дар соли 2003



Абдуқайюми Қаюймзод

Гузориши вижаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ

Воридшавии ду нашрияи мустақили "Неруи сухан" ва "Рузи нав"- ро ба майдони матбуоти кишвар таҳлилгарон ва соҳибназарон муҳимтарин дастовард дар соли 2003 арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин ба пахши барномаҳо шуруъ кардани радиои мустақили мавсум ба "Ватан" барои пойтахт ва навоҳии атрофи низ аз хотироти мусбати соли 2003-и матбуоти кишвар ҳисобида шудааст. Ба эътиқоди таҳлилгарони умури матбуотии кишвар, маҳз бо нашри рузномаи "Неруи сухан" ва "Рузи нав" фазои иттилоотии Тоҷикистон, ки умдатан дар ихтиёри танҳо расонаҳои расмӣ ва расонаҳои савтиву тасвирии давлатӣ қарор дошт, рангу буи тоза касб кард.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев - раиси Бунёди забони тоҷикӣ ва яке аз собиқадорони матбуоти кишвар - ба суоли мо дар иртибот ба дастоварди матбуоти тоҷик дар соли 2003 бо зикри номи ҳамин ду нашрия гуфт, ки онҳо тавонистанд, як ҷушиш ва ҷунбишеро дар миёни васоити ахбори оммаи камрангу якмароми Тоҷикистон ба вуҷуд оваранд. Аз суи дигар афзуд оқои Муҳаббатшоев, ҳайсияти ва қудрати фаромушшуда ва маҳкумшудаи ҳокимияти чаҳорумро дар ин даҳ дувоздаҳ соли ахир, ҳаминҳо тавонистанд, ба намоиш бигузоранд ва ҳамзамон дар таҳрики ҷуръат ва ҷасорати хабарнигорони дигар ва маҳви падидаи худсонсурӣ низ нақши қобили мулоҳизае бозидаанд.

Дар ҳамин ҳол Мазҳабшо Муҳаббатшоев аз дастури раҳбарияти нашриёти "Шарқи Озод" дар мавриди қатъи чопи "Рузи нав" дар ин чопхона ба шиддат интиқод кард: "Имруз "Рузи нав"-ро матбуоти "Шарқи озод" чоп кардан намехоҳад, ки ин комилан хилофи қонун аст. Ба ман дарднок боз як масъалаи дигар ин аст, ки ҳамин "Шарқи Озод" бо пули нашрияҳои замони шуравӣ сохта шудааст. Ҳизби Коммунист ҳам ин нашриётро аз пули мо коркунони матбуот сохт. Мутассифона имруз мебинем, ин нашриёт ба гуногунандешӣ ба интишори нашрияҳо ва рузномаҳое, ки тамоилҳои гуногун доранд, монеъ мешавад ва ин бисёр хатарнок аст."

Мухтор Боқизода - раиси Бунёди гиромидошти рузноманигорони Тоҷикистон ва сардабири "Неруи сухан" низ аз пешравиҳои озодии сухан ва дар саҳафоти расонаҳо, барои бори аввал инъикос ёфтани мавзуоти қаблан мамнуъ ва хатаровар ёдовар шуда гуфт, дар соли 2003 матбуоти кишвар як қадами ҷиддӣ ва устуворе ба пеш гузоштааст. Аммо оқои Боқизода афзуд, ки новобаста аз ин таҳаввулоти назаррас ҳануз ҳам аз суи мақомот мавонеъи сунъӣ дар роҳи фаъолияти хабарнигорон гузошта мешавад. Ба унвони мисол раиси Бунёди гиромидошти рузноманигоронии Тоҷикистон аз манъи истифодаи баъзе аз сайтҳои интернетӣ ном бурд: "Гарчанде ки мегуем, дар соли 2003 озодии сухан як қадам ба пеш рафтааст, вале монеаҳои дигаре низ дар дастрасӣ ба интернет дучори мо мешавад, ки мо наметавонем, аз манбаъҳои иттилотие масалан нисбат ба ҳодисаҳои Тоҷикистон ягон чиз менависанд, аз он бархурдор шавем. Масалан, яке аз сайтҳое, ки дар бораи Тоҷикистон бисёр хабарҳои ҷолиб менавишт, ин сайти "Тоҷикистон таймс" буд, ки он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон баста шудааст. Ва ҳамчунин ба ин монанд боз чандин сайтҳои дигаре ҳастанд, ки мо наметавонем, онҳоро боз ва аз ахбори ҷолибашон истифода намоем. Масалан ба ин мисол шуда метавонад, сайти "Фарғона ру", ки чанд вақт натавонистем, аз он истифода кунем. Ва ман гумон мекунам, ин ҳам яке аз ҳамон мушкилоти асосии дастрасӣ ба иттиллот аст."

Ба ақидаи Султони Ҳамад - раиси маркази хабарнигорони мавсум ба "Таҷриба", ки руйдод ва ҳаводиси ҳаёти марбут ба матбуоти кишварро пайгирӣ мекунад, масъулини расонаҳои хабарии мустақил шароит ва имконоти хубтареро барои нашр ва баррасии мавзуоти доғи ҷомеа дар ихтиёри хабарнигорон гузоштаанд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин талошҳо, рузноманигорон натавонистаанд, муваффақияти дар солҳои 1991 ва 1992 доштаи ҳамкасбони худро ба даст оваранд.

Оқои Ҳамад бо ишора ба теъдоди ночиз интишор ёфтани нашрияҳо афзуд, ки ба истиснои пойтахт ва чанд шаҳри дигари кишвар, аксари мардуми Тоҷикистон аз ахбору навигариҳо бедарак мемонанд: "Бубинед, чанд сол пеш тиражи рузномаҳо хеле калон буд, дар муқоиса бо тиражҳои имсола аз 200 ҳазор ҳам тиражи аксарияти онҳо зиёд буд. Мардум метавонистанд, ки газетаҳоро дастрас намоянд. Бинобар ин ҳоло на ҳама мардум ба рузномаҳо ва умуман иттиллот дастрасӣ доранд. Ва дар масъалаи тасаллут доштани ҳокимияти чаҳорум дар кишвар ҳоло ҳоҷати гап ҳам нест."

Суҳроби Беҳдод - устоди донишгоҳи Денисони иёлати Оҳаёи Амрико, ки борҳо аз Тоҷикистон дидан кардааст, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз фаъолияти садову симои Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, ин ду расонаи давлатӣ танҳо бо пахшу нашри ахбори расмӣ кишвар маҳдуд шудаанд: "Аммо нуктае, ки аз он нигаронхотир ҳастам ба хусус дар мавриди телевизион дар мавриди хабар ҳаст. Мебинам, ки хабар бештар ба унвони гузоришҳои давлатӣ ва идорӣ пахш мешавад. Вале таҳлил нест, таҳлилҳои нақд нест. Арзёбии итифоқоте, ки меуфтад хеле маҳдуд ҳаст. Аз он гузашта дар мавриди ахбори ҷаҳон ман дар ин муддате, ки дар Тоҷикистон будам, эҳсос мекунам, дар як фақри шадиди нисбат ба хабарҳои дунё ҳаст. Ман нигарон ҳастам, ба хусус аз он ҷавононе, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, дар як дунёе зиндагӣ бикунанд, ки ҳамааш гузоришҳои идорӣ ва давлатӣ бошад, таҳлил аз ҳаёти худашон маҳдуд бошад ва муҳимтар аз он нисбат ба он чӣ ки дар ҷаҳон мегузарад, дар иттифоқоте, ки мегузарад, баҳсҳое ки дар ҷаҳон ҳаст, дар таҳлилҳое, ки мешавад, баҳсҳое, ки дар кишварҳои мухталиф мешавад, баҳсҳое, ки дар Иттиҳоди Урупо мешавад, баҳсҳое, ки дар робита дар Ховари Миёна мешавад, баҳсҳое, ки дар Африқо ҳаст, агар ҳамаи инҳоро ҷавонон аз радиову телевизион нашунаванд, аз куҷо инҳоро бишнаванд?"

Ин нукта яъне баста будани дари расонаҳои расмӣ ва минбари радиову телевизиони давлатӣ мояи нигаронии масъулин ва аъзои аҳзоби сиёсии дар талоши қудрати кишвар низ будааст. Ба назари коршиносон изҳороти чаҳор ҳизби сиёсии мухолифи давлат Ҳизби Коммунист, Ҳизби Демократ, Ҳизби Сотсиалистӣ, ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар мавриди пуштибонӣ аз чопи дубораи "Рузи нав"- ро низ метавон ба ҳамин масъала рабт дод.

Аммо Хуршеди Атовулло - ноиби сардабири "Рузи нав" дар иртибот ба қатъи идомаи чопи нашрия тавассути чопхонаи давлатии "Шарқи озод" ва пайомади қазияи мазкур аз он шикоят кард, ки ҳеҷ яке аз созмонҳои хабарнигорӣ ва дифоъ аз озодии баён онҳоро ҷонибдорӣ накарданд: "Баъзе аз ташкилотҳое, ки вазифаашон ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои журналистон аст, ин корро карданд. Масалан Олег Панфилов, ё ки Нуриддин Қаршибоев, ки ҳамеша дар мақолаҳояшон ё дар баъзе аз нишастҳо аз он садо баланд мекунанд, ки дар Тоҷикистон воқеан ҳам озоди сухан ҳаст, вале нисбати тақдири "Рӯзи нав" масалан мо вокуниши ҷиддиеро аз ҷониби онҳо надидем. Аз ҷониби як нафаре, ки манфиати воситаҳои ахбори оммаи мустақилро ҳимоя кунад, ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон раванди ҳукуматӣ кунонидани созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи нашрияҳои мустақил оғоз шудааст."

Аммо ба эътиқоди қисмати аъзами таҳлилгарон як мушкилоти ҷиддие, ки ноширин ва масъулини нашрияҳоро дар иҷрои вазоиф оҷиз ва нотавон нигаҳ медорад, гаронии масрафоти табъу нашр дар чопхонаҳо ва ҳамчунин пардохти ғайриқобили таҳаммули молиёт ба давлат будааст. Яке аз нашрияҳои русизабони чопи Душанбе "Бизнес и политика", ки бештар бо чопи мақолоти таҳлилӣ машғул буд, ба маҳзи ҳамин далел муфлис шуд ва чор моҳ пеш аз нашр бозмонд. Ва як далели дар давоми дувоздаҳсоли ахир руи чоп наомадани як нашрияе, ки ҳамаруза интишор ёбад, низ ҳамин будааст.

Ва аммо дар ҳамин ҳол таҳлилгарон бо ишора ба вокуниши мусбии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ аз интишори мақолаҳои танқидии расонаҳои мустақил ва ба вижа дар саҳафоти "Неруи сухан" дар чанд рузи пеш мегуянд, дар соли 2003 дар муносибати мақомот бо расонаҳо як таҳаввулоти тоза мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ҳамоно бо ин ки ҳукумати Тоҷикистон дар баробари номаи сӣ тан аз сардабирони нашрияҳои расмӣ ва мустақили кишвар дар мавриди коҳиши пардохти молиёти давлатӣ хомӯши ихтиёр кардааст, ҳамчунин манъи истифодаи бархе аз сайтҳои шабакаи ҷаҳонии интернетии махсус барои Тоҷикистон ва ниҳоят ҷилавгирӣ аз нашри матолиби интиқодии мақомот тавассути чопхонаи "Шарқи Озод" дар роҳи таъмини озодии баён дар Тоҷикистон мушкилот боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG