Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЗБАКИСТОН 10% ҚАРЗИ ТОҶИКИСТОНРО БАХШИД



Мирасрори Фарғонӣ



Як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии сарвазири ин кишвар Оқил Оқилов рузи душанбе вориди шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон шуд.

Оқил Оқилов дар рузи аввали сафараш ба Тошканд бо ҳамтои узбаки худ Шавкат Мирзиёев дидор ва гуфтугу кардааст. Ҳамчунин имруз ҷаласаи васеъи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуда, масъалаи тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба байни ин ду кишварро баррасӣ намуд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назарво зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ба ақидаи вай, мулоқоти имруза хеле пурмаҳсул буда, тарафҳо дар мавриди ҳамаи масоили баррасишуда ба тавофуқ расидаанд. Аммо, афзуд оқои Назаров, ҳалли чанд масъалаи бозмонда аз дастури кори ин ҷаласа барои мавридҳои оянда мавқуф гузошта шуд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон ин мавзуъоти ҳаллношударо ташхис накард, вале гуфт, роҷеъ ба роҳу усули пардохти пули газу маводи сухт ва табодули обу барқ миёни Душанбеву Тошканд ду санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Талбак Назаров дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ, ки оё дар ин млуоқот ду масъалаи поккории минаҳо аз марзи Узбакистон бо Тоҷикистон ва низоми раводид барио равуо дар байни ин ду кишвар баррасӣ шудааст, гуфт, ин ду масъала бояд дар мулоқоти раҳбарони аввали ду ҷумҳурӣ ҳаллу фасл шаванд.

Гуфта мешавад, ҳукумати Узбакистон дар ҷараёни музокироти кунунӣ аз баҳри 10 дарсади қарзҳои Тоҷикистон гузашт намуд.

Хабаргузории "Интерфакс" мегуяд, Тошканд тақрибан 12 милён доллар аз ин қарзро бахшида, замони бозпардохти 106 милён доллари боқимондаи онро барои 10 соли дигар тамдид кард.



XS
SM
MD
LG