Пайвандҳои дастрасӣ

ДАР ШУРООБОД 5 ШАҲРВАНДИ АФҒОН КУШТА ШУД



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Охири хафтаи гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон сокини деҳаи Овези улусволии Шаҳри Бузурги Афғонистон, Фазлиддин валади Муҳаммадумарро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми додгоҳ дар ҳоле садо дод, ки ҳамдеҳагони Фазлиддин дар мавзеъи Себандаи ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон ба як даргирӣ печида, дар тули чанд соат шоми ҷумъаи 26 декабр тирпарронӣ карданд. Марзбонони рус рузи 27 декабр аз мавзеъ ҷасади панҷ тан аз шаҳрвандони Афғонистонро ёфтанд, ки гуфта мешавад, дар тирпарронии ахирии байни гуруҳҳои мафиозии афғон кушта шудаанд.

Марзбонони Афғонистон дар байни кушташудагон ҷасади қумондон Хон, як тан аз наркобаронҳои бонуфузи Шаҳри Бузурги Афғонистонро шинохтаанд.

Марзбонони рус дар суҳбат ба хабаргузории ИТАР-ТАСС ин ҳодисаро ҳамчун як кашмакаши дохили гуруҳҳои афғонии қочоқбари маводи мухаддир унвон кардаанд.

Коршиносон мегуянд, бархурди ахир барои таҳти контрол қарор додани пайроҳаҳои қочоқи маводи мухаддир аз суи наркобаронҳои Афғонистон будааст. Гуфта мешавад, дар мавозеъи наздимарзии Тоҷикистон намояндагони ду минтақаи Афғонистон - улусволиҳои Тахор ва Шаҳри Бузург барои таҳти нуфузи худ қарор додани деҳоти матруки Шурообод талош доранд.

Ва аммо марзбонони рус сари ин мавзуъ бо дигар хабаргузориҳо суҳбат кардан намехоҳанд. Ба суоли Радиои Озодӣ, ки чӣ гуна наркобаронҳои мусаллаҳи афғон ба мавзеъи таҳти назорати марзбонони рус дохил шуда, чанд соат бо ҳам ҷангидаанд, дар маркази матбуоти сарҳадбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон як афсари навбатдор ингуна ҷавоб дод: "Ба шумо умуман ягон хабар перомуни мавзуъ нахоҳем дод. Мо танҳо ба хабаргузориҳои ватани худ иттилоъ медиҳем."

Ва аммо журналистони маҳаллӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар мавзеъи Шурообод ҳудуди 32 000 гектар замини куҳистон расман таҳти назорати марзбонони рус қарор дошта, марзшиканони афғон низ умдатан дар ҳамин мавзеъ пинҳон мешаванд ва шабона ба дохили кишвар маводи мухаддирро интиқол медиҳанд. Турко Дикаев, як тан аз рузноманигорони русзабони Кулоб мегуяд: "Дар мавзеъи Шурообод 32000 гектар замини бесоҳиб аст, ки онро касе назорат намекунад. Деҳоти Ивалг, Касмург, Вашпушт, дараҳои Зарбузу Вашпушт ва қисман деҳоти матруки Реҷов ва Говхур ба ҳамин мавзеъ шомиланд, ки гуруҳҳои мусаллаҳи афғон дар он ҷо ба сар мебаранд ва шабона суи дигар мавзеъи минтақа ҳаракат мекунанд".

Як манбаъи надик ба вазоратҳои қудратии кишвар гуфт, нимаи августи соли ҷорӣ қочоқбарони афғон як корманди пулисро аз мавзеъи Сари Чашмаи Шурообод маҳз ба ҳамин деҳоти матрук ба гарав бурда, танҳо пас аз пардохти пул уро аз асорат озод карданд.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Шурообод боз ду тан аз шаҳрвандони Афғонистон, бародарон Ҳусайн ва Иброҳим валади Иброҳим, сокинони деҳаи Исломободи Тахорро бо ҷурми марзишканӣ ва қочоқ аз озодӣ маҳрум кард. Коршиносон мегуянд, дар зиндонҳои муваққати Хатлон даҳҳо сокини дигари улусволиҳои Тахору Шаҳри Бузурги Афғонистон бандӣ буда, соати судури ҳукми худро интизоранд.

XS
SM
MD
LG