Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 НОҲИЯИ ДИГАРИ ТОҶИКИСТОН ТАБДИЛИ НОМ КАРД



Мирзои Салимпур



Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи охири худ қарори табдили исми чанд ноҳияи ин кишварро тасвиб намуд.

Ба ин тартиб, ноҳияи Бешкент акнун - Носири Хусрав, ноҳияи Совет - Темурмалик, ноҳияи Москва - Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Хоҷамастон - Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Ғозималик - ноҳияи Хуросон ном гирифтанд.

Чанде пештар ноҳияи Ленини Тоҷикистон ба ноҳияи Рудакӣ, ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ибни Сино ва ноҳияи Марказии пойтахт ба ноҳияи Фирдавсӣ табдили ном карда буд.

Дар ҳамин ҷаласаи ҳукумат тарҳи сохтмони як пули нав дар руи рудхонаи Панҷ низ тасдиқ шуд. Сохтмони ин пул бар пояи 12 милён доллар кумаки Амрико сурат гирифта, бунёди он як роҳи нави иртибот байни Тоҷикистону Афғонистонро ба вуҷуд хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG