Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАРНОМАИ ИҚТИСОДИИ ҲУКУМАТ НАШР МЕШАВАД



Мирзои Салимпур



Ҳукумати Тоҷикистон пешнависи Барномаи стротегии рушди иқтисоди ин кишварро дар маърази муҳокимаи умум гузошт. Ин барнома самтҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои фосилаи то соли 2015-ум дар бар мегирад.

Қарор аст, дар пайи муҳокимаи умум мусаваддаи ин барномаи стротегӣ дар моҳи феврал дубора аз суи ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмонов баррасӣ ва қабул шавад.

Яке аз муаллифони ин консепсия, доктори улуми иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, дар ин санад рушди солонаи маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ дар ҳудуди аз 9 то 11 дар сад ҳисоб шудаааст ва ҳаҷми маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2015 бояд ба андозаи соли 1990 баробар шавад.

Маҷмуъи кунунии маҳсулоти дохилии Тоҷикистон танҳо 61 дар сади соли 1990 ва ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ 180 долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG