Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДУ УЗВИ ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИРРО ДАСТГИР КАРДААНД



Мирзои Салимпур



Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуянд, тайи рузи гузашта боз ду тан аз фаъолони созмони мамнуъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрирро боздошт кардаанд. Ношири ин хабар, ожонсии ИТАР-ТАСС мегуяд, ҳар ду узви Ҳизб-ут-Таҳрир ҳангоми паҳн кардани шабномаҳои ғайриқонунии ин созмони тундрави мазҳабӣ дастгир шудаанд.

Манобеъи ИТАР-ТАСС гуфтаанд, яке аз онҳо дар манзилаш дар ноҳияи Шаҳринав ва дуввумӣ дар як маркази тиҷоратии шаҳри Хуҷанд вақте ба даст афтод, ки шабномаҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро дар байни мардум паҳн мекард.

ИТАР-ТАСС меафзояд, танҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 70 тан аз фаъолони ин созмони ғайриқонунӣ боздошт шуда, зиёда аз 30 нафар бо иттиҳоми иртибот бо Ҳизб-ут-Таҳрир ҳукми зиндон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG