Пайвандҳои дастрасӣ

Базми шеъри Бозори Собир дар Душанбе



Сафаргул Олимӣ

Пас аз 12 соли ғурбат ва ҷудоӣ аз ватан Бозори Собир дубора дар канори алоқамандони шеъраш қарор гирифт.

Бозор Собир шоири саршиноси тоҷик, ки тайи 12 сол дар ғурбат ба сар мебурд, рузи ҷумъаи 27 декабр дар толори иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон базми шеър баргузор кард. Толори Иттиҳоди Нависандагон тамоми ҷамъомадагонро дар базми шеъри Бозор Собир натавонист, ҷой кунад ва аксари мардум рост истода буданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори маҳфили фарҳангии "Боргоҳи сухан" созмон дода шуд.

Дар ҳамоиши мазбур Бозор Собир аз хотироти чандинсолаи дур аз ватан доштааш ба ҳозирин нақл карда, чанд шеъри худро қироат намуд. Шоирон Низом Қосим, Гулрухсор, Камол Насрулло ва дигарон низ пораҳо аз эҷодиёташон хонданд. Бозор Собир пас аз анҷоми базми шеъраш ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор надошт, ки дар Тоҷикистон ба ин дилбастагӣ ва муҳаббати зиёд уро истиқбол мекунанд.

У гуфт: "Ҳарчанд ки дер боз шеър нахонда будаму дар чунин толорҳо суханронӣ накарда будам, дубора мисле, ки зинда шудам, хотироти куҳна тоза шуданд, ҳамчунин бо дустон, алоқамандони шеър, шогирдон дубора ру ба ру шудем."

Ба суоли мо, ки оё мақсади дар Тоҷикистон монданро дорад, Бозор Собир гуфт: "Ҳануз бар сари ин мавзуъ фикр накардам." Ёдрас мешавем, бо даъвати маҳфили фарҳангии "Боргоҳи сухан" ва Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон Бозор Собир, ки дар Амрико иқомат дорад, рузи 11 декабри соли равон ба Душанбе омад.

Ҳамчунин дар анҷоми базми шеъраш Бозор Собир китоби худро бо номи "Симхор", ки 500 нусха бо худ оварда буд, бо соядаст ба ҳаводорони шеъраш туҳфа кард.

XS
SM
MD
LG