Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПАДАРИ ФАРЗАНДКУШ БА МАРГ МАҲКУМ ШУД



Абдуқайюми Қаюймзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии Фарҳод Шарофов як сокини ноҳияи Ленинро ба поён бурда уро ба ҷазои истисноии марг маҳкум кард. Анварҷон Аҳмадов - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон - масъули муҳокимаи парвандаи ҷиноии мазкур гуфт, ин мард ба иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи аъзои хонавода ба шумули хонум ва фарзандонаш муҷрим дониста шудааст.

Бар пояи иттиллоъи ҳамин манбаъ, Фарҳод Шарофов ба таърихи 3 июли соли равон дар пайи як муноқишаи хонаводагӣ бо ҳамсараш, ки гуфта мешавад, дар заминаи мушкилоти иқтисодӣ рух додааст, даст ба чунин ҷинояти сангин задааст.

Анварҷон Аҳмадов - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон - афзуд, ки ин мард қаблан ба қассобӣ машғул буда, соати ҳашту сӣ дақиқаи ҳамон рӯз дар манзили зисти худ ибтидо хонум ва сипас чаҳор фарзандони навраси худро бо зарбаи корд дар ноҳияи қалб ба қатл мерасонад.

Додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон илова кард, ки Фарҳод Шарофов пас аз даст ба чунин ҷинояти ваҳшиёна задан, бо ду зарби корд худро низ маҷруҳ кардааст. Аммо бар асоси асноди муоинаи тиббӣ вай бемори руҳӣ набуда, ба ҳангоми судури ҷиноят низ солим будааст.

XS
SM
MD
LG