Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА ТОШКАНД САФАР МЕКУНАД



Тоҳири Сафар



Ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон зери раҳбарии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов рузи душанбе, 29 декабр вориди шаҳри Тошканд мешавад. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Узбакистон, дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо созишнома дар бораи интиқоли молу коло ва хариди газ аз Узбакистонро имзо мекунанд. Тоҷикистон ҳамасола аз Узбакистон беш аз 600 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарад.

Ҳамчунин имзои созишномаи ҳамкорӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обу энержӣ дар соли 2004-ум дар назар аст. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Ассошиейтед Пресс", дар музокирот масъалаи дардноки барчидани минаҳо аз миёни марзи ду кишвар низ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Оқил Оқилов бо нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзоев дидор мекунад. Дар мавриди сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Узбакистон раҳбарони ду кишвар чанд рузи пеш дар гуфтугуи телефонӣ мувофиқа ҳосил карданд.

XS
SM
MD
LG