Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АЗ ҚОЧОҚИ 10 КИЛО СИМОБ ПЕШГИРӢ КАРДАНД



Тоҳири Сафар



Марзбонони тоҷик гуфтанд, дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбакистон аз қочоқи 10 кило маводи кимиёвӣ ва хатарноки симоб ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Азия Плюс", марзбонон дар деҳаи Хуми ноҳияи Турсунзода, ки ҳаммарз бо Узбакистон аст, гуруҳеро ҳангоми убури марз мушоҳида намуда, саъӣи боздошти онҳоро карданд. Аммо ба он афрод муяссар шудааст, дар қаламрави Узбакистон паноҳ баранд. Марзбонон дар ҷойи фирори онҳо 10 килограмм симоб пайдо ва мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG