Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон тоҷикро аз Краснодар ихроҷ карданд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Саду панҷоҳу ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи Краснодари Русия ахиран ҷабран хориҷ карда шуданд ва беш аз чил тани дигар мунтазири депортатсия ба сар мебаранд. Ин саввумин депортатсияи бузурги шаҳрвандони тоҷик аз Русия дар соли равон аст, ки ҳамроҳ бо гузоришоти фаровон дар матбуоти ин кишвар анҷом мешавад. Ба гуфтаи Светлана Николаева, сухангуи идораи умури дохилаи Краснодар, шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи режими регистратсия депортатсия шуданд.

Дар гузорише, ки дафтари матбуоти ҳукумати Краснодар дар ин робита интишор кардааст, гуфта мешавад, 157 нафар бо ҳукми додгоҳ хориҷ карда шуданд, 43 нафари дигар ба далели надоштани асноди таъйидкунандаи шахсияти онҳо таҳти назорат қарор гирифтаанд. Аксари онҳо ғайриқонунӣ ба бизнеси бинокорӣ ва ба майдафурушӣ дар шаҳрҳои бузур ва манотиқи курортӣ иштиғол меварзиданд. Онҳо ҳамчунин дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд. Ин аъмоли онҳо муҷиби нигаронии мардуми Кубан шудааст, гуфта мешавад дар гузориш. Полиси минтақа дар ин замина амалиёти вижа анҷом дод ва 200 шаҳрванди қонуншикани Тоҷикистонро кашф кард, ки 157 нафари онҳо рузи 25 декабр бо ду ҳавопаймо аз минтақа хориҷ карда шуданд.

Бино ба оморҳои мавҷуд, тайи соли равон наздик ба ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик аз Русия хориҷ карда шудаанд. Сесад нафар аз вилояти Омск, 65 нафар аз Волгоград, 165 нафар аз вилояти Маскав. Ҳамзамон чандин ихроҷҳои кучкаи дигар анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Русия дар охири гуфтугуи мустақими телевизионии худ муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба Русияро барои ояндаи иқтисодӣ ва демографии Русия созанда номид.

Вай гуфт: "Кишварҳои ҳамсуд муҳимтарин манбаъи неруи корӣ барои Русия аст ва ҳукумати Русия дар садади қабули як қонуни вижаи муҳоҷиратист."

Владимир Путин тайи замони раёсати худ чандин бор аст, ба мардуми муҳоҷир эҳтиром қойил мешавад, аммо мақомоти зердасти вай ҳамвора ба муҳоҷирон дар мухолифат қарор дорад.

XS
SM
MD
LG