Пайвандҳои дастрасӣ

ДАР МАРЗ АСЛИҲАИ ЗИЁД ПАЙДО КАРДАНД



Мирзои Салимпур



Гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон бо наздик шудани соли нав аз фаъолияташ дар тули соли 2003 натиҷагирӣ карда гуфтааст, имсол дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 13 мушаки навъи "Стрела", се мушакандози марбути он ва 33 адад силоҳи сақил кашф ва мусодира кардааст. Дар ин муддат ва дар ҳамин марз тақрибан 5 000 адад муҳимоти ҷангӣ, бо шумули мушакҳои тонкиву реактивӣ ва беш аз 100 кило маводи мунфаҷира пайдо шудааст.

Пётр Гордиенко, сухангуи Гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар ин робита ба Родиёи Озодӣ гуфт: "Дар ҷараёни соли 2003-ум марзбонони рус 13 мушаки навъи "Стрела" ва се дастгоҳи мушакандозӣ барои онҳо пайдо карданд. Ҳамчунин дар ин сол сарҳадбонон беш аз 100 кило маводи мунфаҷира пайдо карданд, ки назар ба соли 2002-ум 5,3 маротиба зиёд аст. Дигар ин муҳимоти ҷангиву аслиҳа воситае барои харобкорӣ ва амалҳои террористӣ нахоҳад шуд."

Марзбонони рус мегуянд, дар зарфи соли 2003 дар марз бо Афғонистон 5 тоннаву 100 кило маводи мухаддир низ гирифта шуд, ки назар ба як соли пеш 26 дар сад зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG