Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМСОЛ 51000 БЕКОР САБТИ НОМ ШУДААСТ



Сафаргул Олимӣ



Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 51 ҳазор шаҳрванди кишвар расман ба унвони бекор сабти ном шудаст. Ҳалимҷон Раҳимов - директори маркази шуғли аҳолии Тоҷикистон - рузи панҷшанбе 25 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар аз ҳисоби аҳолии қобили кор 11 дар сади мардум ё 51 ҳазор нафар аз ҷониби маркази шуғли аҳоли ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудааст.

Қисмати бештари бекорон дар навоҳӣ ва вилоёти кишвар сабти ном шудаанд. Дар вилояти Бадахшон шумораи бекорон 16 фоизро аз ҳисоби аҳолии қобили кор ташкил мекунанд, ки ин нишондод дар қиёс бо вилоёти дигари Тоҷикистон ду баробар бештар мебошад.

Ҳалимҷон Раҳимов - директори маркази шуғли аҳолии Тоҷикистон - гуфт, аммо ин арқом баёнгари сатҳи воқеии бекорӣ дар кишвар намебошад. Зеро афроде, ки дар шуъба ва бахшҳои маркази шуғли аҳолӣ сабти ном шудааанд, аслан онҳое ҳастанд, ки шароити ба мардикории Русия рафтанро надоранд.

XS
SM
MD
LG