Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т.НАЗАРОВ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОРОСТ ВА ГУФТ



Сафаргул Олимӣ



Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - рузи чоршанбе, 24 декабр зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ба ихтиёри марзбонони Тоҷикистон гузаштани ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тибқи созишномаи нави миёни Русия бо ин кишвар сурат мегирад.

Оғои Назаров гуфт: "Созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида буд, дар он як банде вуҷуд дорад, ки тибқи он ҳимояти марзҳои Тоҷикистон марҳила ба марҳила ва қисмат ба қисмат ба муҷарради ташаккули нируҳои марзбонии Тоҷикистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор хоҳад шуд. Ва маҳз бар асоси тақозои шароити ҳамин созишнома мо ҳимояти марз бо Чинро дар ихтиёр гирифтем ва агар иштибоҳ накунам ҳудуди 60 километр аз марз бо Афғонистонро низ таҳти назорат дорем. Бале, як ҳайъат аз Русия ин ҷо буд ва мо мувофиқа кардем, ки гуруҳҳои кории ду ҷониб музокираро дар сари ин масъала идома диҳанд ва муайян намоянд, ки кадом қисмати марзро бояд мо ва кадом қисмати дигарро марзбонони рус ҳимоят кунанд."

Аммо гуфт оғои Назаров, баёнияҳои беэҳтиётонаи мо дар ин маврид то кунун боиси баҳсу мунозираҳои нодаркор шудааст. Эҳтимолан оғои Назаров изҳори назарҳои фармондеҳони нируҳои марзбонии Тоҷикистонро дар назар дорад, ки гуфта буданд, бояд марзҳои Тоҷикистон таҳти назари як ниру қарор дошта бошанд, марзбонони тоҷик ва ё Русия.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар мақомоти кишвараш мухолифи таъсиси пойгоҳи низомии Русия нестанд, вале барои ин гуфт у, бояд сари якчанд мавриди дигар аз бандҳои ин мувофиқатнома ҳамоҳангӣ ҳосил шавад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов солҳои 2005 то 2015-ро даҳсолаи "Оби соф" эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG