Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОСОРХОНАҲО САБТИ НОМ МЕШАВАНД



Раҳматкарими Давлат



Дар ҷаласаи рузи чаҳоршанбеи худ Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Қонун дар бораи осорхонаҳо ва бунёди осорхонаҳо инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ ва ихтироъотро баррасӣ ва тасвиб кард.

Саидқул Билолов - раиси кумитаи фарҳанг ва илми парлумон зимни муаррифӣ ва пешниҳоди ин қонун гуфт, имруз осорхонаҳои Тоҷикистон ба унвони сарватхонаҳои таърихи фарҳанги миллӣ бештар аз ҳар вақти дигар ба пуштибонии давлатӣ ниёз доранд ва тасвиб шудани ин қонун як амри таъхирнопазир аст: "Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик бо заҳматҳои зиёди бостоншиносон дарёфт, ба туфайли меҳнати софдилонаи олимону кормандони соҳаи фарҳанг ва шахсони алоҳидаи сарсупурдаи миллат ҷамъ оварда шуда, дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ, ҳифз ва ба оммаи васеъ пешниҳод карда мешаванд. Қабул шудани Қонун дар бораи осорхонаҳо талаботи замон аст."

Қабули ин қонун тартиби муносибати ҳуқуқӣ бо осорхонаҳо, таъсис ва ҳифзи онҳо, инчунин нигаҳдории нигораҳоро ва истифода аз онҳоро муайян кардааст. Феълан дар Тоҷикистон 36 осорхонаи дорои аҳамияти давлатӣ мавҷуд аст ва бар асоси ин қонун ҳамаи осорхонаҳои мавҷуд муваззаф хоҳанд буд, то феҳрасти осори худро тартиб ва муррифӣ кунанд. Кафолати ҳифозати тамоми осоре, ки ба руйхати давлатӣ пешниҳод мешавад, бар уҳдаи давлат хоҳад буд.

Акнун аз оғози соли нав ҳамаи 36 осорхонаи давлатӣ ва тамоми осорхонаҳои хусусӣ низ бояд барои сабти ном ва гирифтани шаҳодатнома ба вазорати фарҳанг асноди заруриро пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG