Пайвандҳои дастрасӣ

ДУ ТОҶИКРО ДАР ҚАЗОҚИСТОН ДАСТГИР КАРДАНД



Мирзои Салимпур



Марзбонони Қазоқистон дар марз бо Русия аз дохили як мошини сабукрави Жигули 9 кило ҳероин кашф ва ронандаву як мусофири ин мошинро, ки ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, боздошт карданд. Ин хабарро аз қавли Хадамоти марзбонии кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабаргузории русии "Интерфакс" нашр кардааст.

Як руз пеш мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти 180 кило ҳероин дар шаҳри Турсунзода хабар дода буданд. Ин миқдори бузурги маводи мухаддир аз бордони як мошини боркаш аз дохили қуттиҳои хурмо пайдо шудааст. Ва дар ҷараёни як амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Оҷонсии давлатии мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир рузи 22 декабр дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Қалъаихумби вилояти Бадахшон 80 кило ҳашиш кашф ва мусодира шуд.

Гуфта мешавад, имсол интиқоли ин навъи маводи мухаддир аз Афғонистон низ афзуда, тайи 11 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 300 кило ҳашиш мусодира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба бештар мебошад.

Ҳамчунин рузи сешанбе хабар расид, ки марзбонони рус рузи 22 декабр дар як махфигоҳ дар ноҳияи Қалъаихум 42 кило ҳероин пайдо ва мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG