Пайвандҳои дастрасӣ

КОНФРОНСҲОИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ БАРГУЗОР НАШУД



Мирзои Салимпур



Хабаргузории "Азия Плюс" навишт, ки руъасои навоҳии Муъминободу Восеъи вилояти Хатлон нагузоштаанд, то конфронси шуъбаҳои маҳаллии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо баргузор шавад ва аз намояндагони ҳизб дар ихтиёри мақомот гузоштани феҳрасти аъзои маҳаллии ин ҳизбро талаб кардаанд.

"Азия Плюс" бо истинод ба манобеъи худ дар минтақа меафзояд, ки ин масъала ахиран дар ҳузури раиси вилоят Амиршоҳ Миралиев баррасӣ шуда, ва оқои Миралиев аз мақомоти додситонӣ таҳқиқи ин қазияро дархост кардааст.

Аммо раисони навоҳии Муъминободу Восеъ хонум Каримова ва Каримҷон Фақиров гуфтаанд, чанде аз сокинони ин ду ноҳия исми худро ғайриихтиёр дар феҳрасти аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом дида, ба мақомот шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG