Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марз бо Афғонистон бояд парчами кадом давлат афрохта шавад?



Раҳматкарими Давлат

Генерал Нуралишоҳ Назаров мегуяд, музокироти марзии Тоҷикистону Русия моҳи январ шуруъ мешавад.

Мақомоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегуянд, қарор шудааст, музокироти Русия ва Тоҷикистон дар мавриди бознигарии шароити ҳузури Нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон аз ибтидои моҳи январи соли оянда, яъне то чанд рузи дигар шуруъ шавад.

Нуралишо Назаров - фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, ба манзури барасии ин масъала як комиссияи муштараки дуҷониба таъсис шуда ва қарор аст даври нахустини музокироти худро баргузор кунад.

Созишнома дар бораи мақоми Нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 25 майи соли 1993 имзо шуда буд ва муҳлати эътибори он ба поён расидаааст. Бар асоси ин созишнома, Нируҳои марзбонии Русия бояд ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бо муҷаради омода шудани нируҳои марзбонии тоҷик, ба ихтиёри онҳо вогузор намоянд.

Нуралишо Назаров мегуяд, акнун бештар аз ҳар вақти дигар ин зарурат пеш омада ва нируҳои марзбонии Тоҷикистон бояд ҳифозати ин марзҳоро марҳила ба марҳила ба зиммаи худ бигиранд. Аз у пурсидам, ки бо чӣ пешниҳоди мушаххасе ҷониби Тоҷикистон ба ин музокирот хоҳад рафт. Генерал Назаров гуфт: "Мо ҳамин хел таклиф мекунем, ки дар давраи аввал азбаски моддаи нуҳуми ҳамин созишнома ҳаминро гуфта буд, мо аз ҳамин лиҳоз талаб карда истодаем, ки марзро аз Яхшипул то Мурғоб мо бояд таҳти назари худ бигирем. Мо бояд шашсад километрашро бигирем. Ва дар ҳамин ҷо дар чорто дидбонгоҳеро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳастанд, бояд ба таҳти назорати худ бигирем. Ба фикри ман ҳамин дидбонгоҳҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳаст, бояд таҳти назари мо бошад, чунки ҳар як меҳмон ва ҳар як хориҷие, ки меояд, дар ҳамон дидбонгоҳҳо байрақи Русия аст ва бояд дар он ҷо байрақи Тоҷикистон ҷилвагар бошад."

Аз оқои Назаров ҳамчунин пурсидам, оё Кумитаи марзбонии Тоҷикистон барои ҳифозати 600 километр аз марз аз лиҳози техникӣ ва таъминот ба мушкил мувоҷеҳ нахоҳад шуд? У гуфт: "Мо сад фоиз бовар дорем, ки мана ҳамин хати сарҳади ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон, агар фақат вилояти Бадахшонро бигирем, мо ҳисобу китоб кардагӣ ҳастем, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ мо метавонем, ки пурра таъмин кунем. Мо ҳоло як раёсати агроэкономикӣ дорем, зиёда аз 11 ҳазор гектар замин дорем, мо бо қувваи худамон истеҳоли гандуму тамоми сабзавотро худамон таъмин карда истодаем, ба ғайр аз ин бисёр созмонҳои байналмиллалӣ кумак карда истодаанд. "

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар аввали соли оянда Идораи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури мубориза бо ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир барои таҷҳизонидани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон дар ҳаҷми 800 ҳазор евро ба Кумитаи марзбонии Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон афзуд, як сол ба ин ҷониб марзбонони тоҷик ҳифозати марзи 500 километрӣ бо Чинро аз ихтиёри нируҳои русӣ гирифтаанд ва кори яксолаи марзбонони тоҷик дар ин қисмати марз ва бар маҷмуъ бо вуҷуди мушкилоти таъминотӣ муввафақиятомез будааст.

У муввафақияти ҳимоят аз марзи Чинро далеле барои омода будани марзҳои Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳифозати худ гирифтани марзҳо бо Афғонистон медонад: "Як соли пурра гузашт, моҳи декабри соли гузашта мо ҳамон сарҳадро қабул кардем. Мо тавонистем, ки аз уҳдааш бароем, чандин маротиба пеши қочоқчиёни маводи мухаддиру, қочоқи пашму пусте, ки аз Тоҷикистон бурда мешуд, гирифтанд."

Аммо ҷониби Русия ба ин пешниҳодоти Тоҷикистон то кадом ҳад тан дар хоҳад дод. Ба назари бархе аз таҳлилгарон Русия на ба ҳама пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон розӣ хоҳад шуд. Нуралӣ Давлатов коршиноси тоҷик ба ин бовар, аст ки ин музокирот барои Тоҷикистон осон тамом нахоҳад шуд: "Дар паси мизи музокирот неруҳо ҳамвазн меистанд, яъне Тоҷикистону Русия. Аз ҷониби худ Русия мефаҳмад, ки аз Тоҷикистон баровардани неруҳои ин маънои онро дорад, ки умуман аз минтақа берун мешавад ва нуфузи худро то андозае метавонад ҳатто дар Афғонистон низ гум кунад."

Аммо Русия низ барои ҳифзи мавқеъи нируҳояш дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баҳона вва далелҳои мухталифе дар даст дорад. Владимир Проничев фармондеҳи нируҳои марзбонии Русия зимни сафари чанд ҳафтаи пешаш ба Тоҷикистон дар ин бора гуфта буд: "Мо бар ин ақида ҳастем, ки бояд ҳифозати муштарак аз марзҳои Тоҷикистонро идома диҳем. Бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳосили маводи мухаддир дар Афғонистон бисёр назаррас аст ва даромад аз маводи мухаддир барои фаъолияти гуруҳҳои террористӣ масраф мешавад, ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бисёр масоили дигаре мавҷуд аст, ки ҳамкории муштараки моро тақозо мекунад.

Дар созишнома ба таври мушаххас муайян шудааст, ки вогузории марз ба маҳзи омода шудани неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва бо назардошти сатҳи ин омодагиҳо сурат мегирад. Вале ин ба маънои як файсалаи техникӣ намебошад, ки фарз кардем, мо бихезему марзҳоро раҳо кунему биравем. Ин дар сатҳи давлатӣ баррасӣ ва ҳал мешавад."

Вале генарел Назаров бовар дорад, ки ҷониби Русия ба асоси шароити созишнома амал хоҳад кард ва ба гуфтаи у ин масъала дар ҷараёни сафари сардори хадамоти марзбонии Русия ба Тоҷикистон баррасӣ шуда буд ва Русия низ усулан ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон мухолиф нест.

Генерал Назаров мегуяд, дер ё зуд ин масъала бояд ҳал шавад ва ҳамакнун фурсати муносиб барои ҳалли ин масъала фароҳам шудааст. У мегуяд, агарчанд ин гуна изҳори назари уро бархе аз ашхос аз ҷумла мақомоти ҳукумат як гуна фикри шахсии Назаров маънидод кардаанд, вале ҳамчунон ин масъала интизори баррасӣ ва ҳалли худ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG