Пайвандҳои дастрасӣ

МАҚОМОТ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТҲОРО ХУШ НАДОРАНД



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон аз муносибат ва бархурди мақомоти масъул ба фаъолиятҳои ин ҳизб дар маҳалҳо изҳорӣ нигаронӣ мекунад. Раҳматулло Зоиров - раиси ҳизби мазкур бо ишора ба мавориди бешумори фишору тазъиқ болои масъулин ва аъзои ҳизбаш гуфт, мақомоти бархе аз манотиқи кишвар бо истифода аз шеваҳои номашруъ саъй мекунанд, аз фаъолиятҳои сотсиал-демократҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, Ғарибшо Ғарибшоев мудири кафедраи Донишгоҳи шаҳри Хоруғро танҳо ба ин далел, ки вай масъули бахши шаҳрии Ҳизби Сотсиал-Демократ дар Хоруғ шудааст, бо дастури бевоситаи Алимамад Ниёзмамадов - раиси вилояти Бадахшон - аз вазифа маъзул карданд.

Як усули дигаре, ки ҳам дар Бадахшон ва ҳам дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон мақомот аз он кор гирифтаанд, афзуд оқои Зоиров, тавассути ниҳодҳои интизомӣ таҳти фишор қарор додани аъзои ҳизб мебошад: "Намояндаи моро дар Хоруғ ба прокуратура даъват карданд. Дар минтақаи Кулоб ҳам чанд намояндаи моро ба идораи минтақавии вазорати амният даъват карданд ва бо онҳо ба истилоҳ "кор бурданд" ва суҳбат шуд, ки онҳо аз аъзогӣ даст кашанд."

Раҳматулло Зоиров ҳамчунин илова кард, ки раиси вилояти Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов бо ирсоли як нома ба унвони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз тавсиаи фаъолияти Ҳизби Сотсиал-Демократ дар ин вилоят шикоят кардааст. Оқои Зоиров дар иртибот ба бархурди масъулини вилояти Суғд ба фаъолияти ҳизбаш гуфт, дар ин қисмати кишвар ҳарчанд ошкоро муқобилат намекунанд, аммо аз роҳҳои ғайримаъмулӣ, ки хоси мақомоти ин минтақа аст истифода мебаранд. Вай мегуяд: "Мисол нисбати раиси ташкилоти вилоятии мо Дилбар Самадова, якчанд бор ҳаракат карданд, ки шавҳари уро аз кор озод кунанд, аз ширкати Нур."

Ба назари Раҳматулло Зоиров, аз чунин шеваҳои ғайриқонунӣ кор гирифтани масъулини манотиқи кишвар дар муносибат бо аҳзоби сиёсӣ дар заминаи наздикоии интихоботи парлумонӣ сурат мегирад, ки соли оянда оғоз хоҳад шуд. Оқои Зоиров гуфт, масъулини вилоёт ва навоҳӣ асосан аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократии президент Раҳмонов мебошанд ва онҳо намехоҳанд, аҳзоби сиёсии дигар дар ҷомеа нуфузи бештар дошта бошанд.

Аммо бар асоси як назархоҳие, ки Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар мавриди муайян кардани нуфуз ва эътибори аҳзоби сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа дар соли 2003 доир кардааст, Ҳизби Сотсиал-Демократ пас аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳаводорони бештаре бархурдор аст.

XS
SM
MD
LG