Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта, пахта, ҷон пахта...



Абдуқайюми Қайюмзод

"Тиллои сафеди" тоҷикро кӣ мефурушад?

Барои нахустин бор аст, ки тайи дувоздаҳ соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 540 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Саидмурод Баҳриддинов - сардори раёсати пахтаи вазорати кишоварзи Тоҷикистон - дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ин нишондод беҳтар аст, вале нақшаи солона иҷро нагардид.

Оқои Баҳриддинов гуфт, қисмати аъзами навоҳии кишвар ҳамаи ҳосилро то охир ҷамъоварӣ карда натавонистанд. Барои мисол аз 33 ноҳияи машғул ба пахтакорӣ, ҳамагӣ 15-тои онҳо марраи пахтасупориро чуноне мегуянд, фатҳ намудаанд.

Сардори раёсати пахтаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон афзуд, ҳамзамон бо номусоидии боду ҳаво омилҳои дигаре, ки боиси иҷро нагардидани нақшаи солонаи ҳосили пахта шудаанд, кам набуданд. Оқои Баҳридинов афзуд, умдатан роҳбарони навоҳӣ ва ширкатҳои сармоягузор дар роҳи рушди пахтакорӣ монеа эҷод мекунанд: "Вазорати иқтисоду вазорати кишоварзӣ қиммати як тонна пахтаро аз 340 то 370 доллар муайян кардааст, вале ноҳияи Ваҳдат барои як тонна пахта 225 - 250 доллар ба кишоварзон додааст, дар ин ҳол касе кор намекунад. Бояд ки хоҷагиҳои ноҳияи Ваҳдат аз сармоягузорон ягон тин қарздор намешуданд, вале бо айби чунин нархгузорӣ онҳо беш аз 350 ҳазор доллар қарздор шуданд."

Ваҳҳоб Воҳидов - мушовири вазири иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, ки солҳои тулонӣ масъули соҳаи кишоварзии Тоҷикистон будааст, муътақид аст, ҳеҷ гуна зироати дигаре дар кишвар наметавонад, ҷойгузини пахта бишавад.

Аммо ба назари оқои Воҳидов бемасъулиятии масъулони феълии соҳаи пахтакорӣ боис шудааст, ки кишоварзон бо вуҷуди заҳмати зиёд дар назди сармоягузорон яъне ширкатҳои фючерсӣ қарздор бишаванд. Ба гуфтаи вай феълан қарзи хоҷагиҳо аз ширкатҳои фючерсӣ ҳудуди 200 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ваҳҳоб Воҳидов ҳамчунин афзуд: "Соли гузашта Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 19, 1 сентнерӣ ҳосили пахта ғундошта буд, имсол 18,8 сентнерӣ ҷамъ овард. Агар ина аз руи нақшаҳои солҳои пеш гиред, дар соли 1948 мо 19 сентнерӣ ҳосил гирифтаем. Ин нишон медиҳад, ки аз руи ҳосилнокии пахта Тоҷикистон қариб 55 сол ақиб мондааст."

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисодшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки соҳаи кишоварзӣ ва бахусус пахтапарварӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти куллӣ ва ҷиддӣ ниёз дорад. Ба ақидаи оқои Умаров, ҳукумат бояд ҷиҳати фуруши пахтаи хом дар дохили кишвар ва истифода аз қарзи бонкҳо ба хоҷагиҳои пахтакорӣ имконияти бештар бидиҳад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки усули тавлиду парвариши пахта бидуни эътибори ҳуқуқи ҳатто оддитарини кишоварзон сурат мегирад, ки оқибатҳои ногувореро дар пай дорад: "Барои чӣ пахтаи онҳоро мегиранду худашон бурда мефурушанд, баъди як сол музди мардуми пахтакорро медиҳанд. Мардум пули истеҳсолу фуруши пахтаро намебинад."

Ва аммо Барот Юсуфӣ як хабарнигори тоҷик, ки умдатан масоили иқтисодии кишварро баррасӣ мекунад, бар ин назараст, ки соҳаи парваришу фуруши пахта зироати аҳамияти стратегидоштаи кишварро, ки як манбаи аслии таъмини буҷа мебошад, дар кишвар як гуруҳи кучаке ба монополияи шахсӣ табдил додаанд. Ва ин гуруҳ бо истифода аз маблағҳои ҳангуфти тиҷорати пахта ҳарчӣ бештар ин соҳаро таҳти тасарруфи худ медароваранд.

Оқои Юсуфӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир таъмини нуриҳои маъданӣ, маводи сухт, қисмҳои эҳтиётӣ ба техникаи ин соҳа ва ҳамчунин ҳама асноду ҳуҷҷатро барои фуруши пахта ҳамин гуруҳ зери назорат дорад. Барот Юсуфӣ афзуд: "Ҳамин хел ширкатҳои калон якчанд ноҳия ва ҳатто як вилоятро монополия кардагӣ ҳастанд ва ба дигар ширкатҳо имкон намедиҳанд, ки вориди он бозор шаванд."

Оқои Юсуфӣ бахусус аз фаъолияти камсамар ва ношаффофи биржаи молу ашёи кишвар шадидан интиқод кард. Вай афзуд, арзиши баҳои пахта дар биржаи Ливерпул бозори байналмиллалӣ афзоиш ёфтааст, вале масъулони биржаи молу ашёи Тоҷикистон ҳамоно бо қиммати пешина ба пахтаи кишоварзон нархгузорӣ мекунанд.

Дар ҳамин робита як нафар аз мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, гуфт Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - замоне, ки раиси совхози пахтакории Данғара ва вакили Шурои Олӣ буд, зимни як суханрониаш дар ҷаласаи Шурои Олӣ гуфт, ки чаро деҳқони оддӣ ва пахтакори камбағал бар ивази заҳматҳои аз андоза зиёдаш танҳо аз хару ароба истифода мебарад, аммо онҳое, ки дар раъси ширкати "Пахтаи тоҷик" ҳастанд ва фуруши пахтаро дар ихтиёр доранд, ҳамагӣ савори Мерседесу Тойота мебошанд. Ҳамсуҳбати мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, афзуд, ҳоло ҳамаи ҳуқуқи фуруши пахтаро дар дохил ва хориҷи кишвар ба души биржаи молу ашё гузоштаанд ва азбас раисии онро яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов ба уҳда дорад, метавон гуфт, ин савол аз пешина бештар аҳамият пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG