Пайвандҳои дастрасӣ

ЯКСАДУ ҲАШТОД КИЛО ҲЕРОИН МУСОДИРА КАРДАНД



Раҳматкарими Давлат



Неруҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон зимни як амалиёти вижа, як гуруҳи қочоқбарони маводи мухадирро бо 180 бастаи героин ва ё ҳудуди 180 кило боздошт кардаанд.

Муҳаммадсаид Ҷурақулов - муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни як конфронси хабарӣ бо эълони ин хабар гуфт, ин гуруҳ иборат аз 12 нафар мебошад, ки то кунун ҳафт нафаре аз онҳо боздошт шудааст.

Оғои Ҷурақулов афзуд: "Ин гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳудуди навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода фаъолият мекард. Ва чанд вақт ба ин ҷониб таҳти назари кормандони умури дохила қарор дошт. Билохира ин гуруҳ ба ҳангоми интиқоли маводи мухаддир дар роҳи Душанбе - Тошканд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав боздошт шуд. Ба ҳангоми бозрасии мошини боркаш аз он 180 бастаи як килограмии ҳероин пайдо шуд, ки дар миёни қуттиҳои хурмо ва себ пинҳон карда шуда буд. Қочоқбарон қасд доштанд, маводи мухаддирро ба Русия интиқол диҳанд."

Тибқи маълумоте, ки то ҳол дар ихтиёр дорем, гуфт, оқои Ҷурақулов 12 нафар дар ин гуруҳ шомил ҳастанд, ки чор нафарашон бевосита маблағгузорони ин кор мебошанд. Аъзои дигари гуруҳ ё қочоқбар ҳастанд, ё мошини худро ва ё хонаи худро дар ихтиёри ин гуруҳ қарор додаанд. Ва ё гуруҳи мазкурро таҳти пушиш қарор медоданд.

Оғои Ҷурақулов аз ифшои бештари ҷузъиёти марбут ба ин амалиёт ва афроди вобаста ба гуруҳи боздоштшуда ба далели ихлол ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот худдорӣ кард. Аммо гуфт, аз ибтидои соли равон то кунун кормандони вазорати дохила 89 гуруҳи қочоқбари маводи мухаддирро боздошт кардаанд. Ва ҳамчунин бештар аз 2 тонна ҳероинро аз қочоқбарон кашф ва забт кардаанд.

XS
SM
MD
LG