Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОЛМОН БА ТОҶИКИСТОН 6 МИЛЛИОН ЕВРО ДОД



Сафаргул Олимӣ



Ҳукумати Олмон 6 миллион евро барои маблағгузории чанд барнома: таъсиси бонки ихтисоси қарзҳои хурд ва таъмиру тармими объектҳои соҳаи коммуналии навоҳии Тоҷикистон, рушди маориф ва беҳдоштӣ дар ихтиёри ҳукумати ин кишвар гузошт.

Любов Пузирникова - корманди дафтари матбуоти сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар робита ба мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ахиран миёни ҳукумати Олмон ва ҳукумати Тоҷикистон як шартномаи ҳамкории иқтисодии тарафайн ба тасвиб расид. Тибқи ин шартнома қарор аст, Олмон барои таъсиси бонки ихтисоси қарзҳои хурд чаҳор миллион евро қарзи бебозгашт диҳад. Боқии ин маблағ, яъне 2 миллион евро барои рушди соҳаи маориф хидматрасонии коммуналӣ дар маҳалоти Тоҷикистон ва соҳаи беҳдоштии ин кишвар сарф мешавад."

Дар ҳамин ҳол зимни дидори сафири Олмон дар Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдои саноатии Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди гуфтугу қарор гирифтааст. Дар ин дидор сафири Олмон гуфтааст, кишвараш дар раҳандозии корхонаҳои хурди саноатӣ, коркарди намак, рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон кумакҳоро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG