Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АМАЛИЁТИ "КУКНОР-2003" БА ОХИР РАСИД



Мирзои Салимпур



Амалиёти вижаи "Кукнор - 2003", ки ҳамасола ва ба тули 6 моҳ мақомоти мухталифи интизомиву қудратии Тоҷикистон муштаракан анҷом медиҳанд, ба охир расид.

Ожонсии давлатии мубориза бо қочоқи маводи мухадддир ин маъракаро натиҷагирӣ намуда, ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар ҷараёни ин амалиёт 1 300 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шуд, ки ҳадди ағлаби он, тақрибан аз чор се ҳиссаашро ҳероин ташкил медиҳад.

Дар ин муддат 975 кас дар кишвар бо иттиҳоми даст доштан дар анвоъи ҷиноятҳои марбут бо кишту парвариш, харидуфуруш ва қочоқи маводи мухаддир ба масъулият кашида шудааст.

Ожонсӣ ҳамзамон гуфт, дар Тоҷикистон расман 5 700 муътоди маводи мухаддир сабт шудааст, вале дар амал шумораи мардуми бангӣ, ҳатто ба ақидаи мақомоти ин идора, ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG