Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶАМЪИ КУМАКҲОИ ХАЙРИЯ 116 МИЛЁН ШУДААСТ



Мирзои Салимпур



Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи гузаштаи соли 2003 аз тақрибан 40 кишвари ҷаҳон ва ба маблағи 116 милён доллар кумакҳои башарӣ гирифтааст.

Кумитаи омори ин кишвар ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ҷамъи мақодири кумакҳои хайрияи ворида ба Тоҷикистон дар ин муддат 172 000 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба мардуми ниёзманди Тоҷикистон дар байни моҳоҳи январ-ноябри соли ҷорӣ 79 500 тонна орду гандум, 7 400 тонна равғани растанӣ, соъири маҳсулоти ғизоӣ ва пойафзолу пушоку доруворӣ кумак шудааст.

Бештари кумакҳои хайрия ба Тоҷикистон аз суи Амрикову Латвия ва Русияву Қазоқистон мерасад.

Ийолоти Муттаҳида мегуяд, танҳо рузи ҷумъаи гузашта тибқи барномаи "Ғизо ба хотири Рушд" ба Тоҷикистон боз 12 500 тонна гандум ва 1 500 тонна равғани сой ворид намуд. ИТАР-ТАСС мегуяд, ин миқдори маҳсулот бояд ба қимати тақрибан 5 милён доллар фурухта шуда, маблағи он чун кумаки билоиваз масрафи барномаҳое дар риштаи кишоварзии Тоҷикистон шавад.

XS
SM
MD
LG