Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КАШФИ МАВОДИ МУХАДДИР ИМСОЛ БЕСОБИҚА АСТ



Мирзои Салимпур



Раҳбари ФСБ, Хадамоти Амнияти Федеролии Русия Николай Патрушев мегуяд, марзбонони руси мустақар дар Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон танҳо дар соли ҷорӣ 4 тоннаву 700 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд, ки беш аз дувуним тоннаи онро ҳероин ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи генерал Патрушев, чунин натиҷа дар зарфи 11 соли истиқрори гуруҳи марзбонии Русия дар сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон бесобиқа будааст.

Ҳамагӣ дар Русия тайи соли 2003 панҷуним тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 2,8 тонна ҳероин мусодира шудааст.

Ба ин тартиб, гуфт раҳбари ФСБ, 84 дарсади қочоқи маводи мухаддир мисли пешин аз Афғонистон тавассути хоки Тоҷикистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG