Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАҲМОНОВ БО СИРИЛ СВОБОДА МУЛОҚОТ КАРД



Мирзонабии Холиқзод



Сирил Свобода вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех рузи ҷумъа, 19 декабр пас аз мулоқоташ бо президент Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, кишвараш омодааст, ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври амалӣ сармоягузорӣ кунад.

Вай афзуд, кишвараш тасмим гирифтааст, корхонаи тавлиди семент, воқеъ дар каронаи шаҳри Душанберо тармиму таҷдид кунем. Гуруҳи кории дуҷонибаи давлатӣ як протоколеро ба имзо расониданд, ки дар он барномаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисод дақиқ карда шудааст. Аз ҷумла тармими корхонаи семент яке аз бахшҳои ин барнома мебошад.

Сирил Свобода гуфт, имкон дорад, тоҷирони кишвараш дар бахши энергетика ва истихроҷи маъодини Тоҷикистон саҳмгузорӣ кунанд. Аз ҷумла дар ҷараёни ин сафар коршиносони Чех бо масъулини неругоҳи барқи обии Сангтуда дар масъалаи ширкати Ҷумҳурии Чех дар бунёди ин неругоҳ мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG